Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8-уми феврал фармони зиёд кардани музди маош, нафақа ва идрорпулӣ (стипендия)-ҳоро имзо кард. Ин фармон аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ ба иҷро медарояд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода навиштааст, бар асоси фармон ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳо 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
"Яъне музди меҳнати моҳонаи кормандон дар ҳамаи муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз 1-уми сентябри соли 2025 набояд аз 1000 сомонӣ кам бошад", - навиштааст хадамоти матбуотии президент дар шарҳи фармон.
Ҳоло ҳаҷми ҳадди ақалли маош дар кишвар 800 сомонӣ аст.
Тибқи фармон маоши кормандони соҳаҳои зерин ба чунин миқдор зиёд мешавад:
- Маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф – 30%
- Маоши кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва муассисаҳои илмӣ – 20%
- Маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла сартабиб, табиб, кормандони миёна ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ - 20%
- Маоши кормандони соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, яъне кормандони тиббӣ, маъмурӣ ва хоҷагии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон ва дигар муассисаҳои соҳа – 20%
- Маоши кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, театрҳои давлатӣ, матбуоти даврӣ, телевизиону радио ва дигар муассисаҳои соҳаи фарҳанг - 20%
- Маоши хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ҳукумат ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот – 20%
- Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо – 10%
Идрорпулии донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон) – 20%
Маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияҳо дар соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатииТоҷикистон пурра таъмин карда мешавад.
Бояд гуфт, дар бораи боло бурдани музди маош ва нафақаву идрорпулӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 дар паёми охири худ ба парлумони кишвар супориш дода буд.
Бояд гуфт, соли 2024 бо фармони раисҷумҳур маошу нафақа ва идрорпулиҳо аз 30 то 40% зиёд шуда буд.
Маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Дар баробари баланд шудани маошу нафақа, нархи маҳсулот низ дар бозорҳо якбора баланд мешавад. Ин аст, ки сокинон афзоиши ҳаҷми маошу нафақаро индексатсияи нархҳо медонад.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста