Меъёри рентаи содиротӣ аз 1 июни соли равон то 8% ва аз 1 январи соли 2027 - то 10% боло меравад. Дар ин бора дар мактуби Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба мақомоти андози минтақаҳо ва андозсупорандагон сухан меравад.
Дар мактуб зикр мешавад, ки меъёри рентаи содиротӣ барои калоба ва ресмони пахтагин, инчунин риштаи абрешим аз моҳи оянда 4% ва аз 1 январи соли 2027 - 6%-ро ташкил хоҳад дод.
Ёдрас мекунем, ки меъёри рентаи содиротӣ аз 1 январи соли равон дар сатҳи 4% муқаррар шудааст.
Мафҳуми рентаи содиротӣ дар қонунгузории андози ҷумҳурӣ чанде пештар бо пешниҳоди Кумитаи андоз дар сатҳи 2% аз 1 январи соли 2023 рӯйи кор омад.
Мувофиқи Кодекси амалкунандаи андоз, содиркунандагони маҳсулоти зерин рентаи содиротӣ пардохт мекунанд:
- консентрати фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо, сиёҳ, ранга, нодир, радиоактивӣ;
- ашёи хоми кимиёвии кӯҳӣ;
- ашёи хом аз сангҳои ороишии аз коркарди аввалия гузашта;
- нахи пахта, калоба ва ресмони пахтагин, пилла, риштаи абрешимӣ, пашм ва пӯст.
Заминаи андози рентаи содиротӣ дар давраи ҳисоботӣ арзиши муайяншуда аз ҳисоби нархи миёнаи таҳвил (содирот)-и молҳо дар замони содирот, ки дар шартномаҳои содиротӣ зикр шудааст, шуморида мешавад, лекин на пасттар аз нархи таҳвили мол, ки дар давраи ҳисоботии андоз дар Биржаи фулузоти Лондон, Биржаи фулузоти қиматбаҳо ва дигар биржаҳои байнулмилалӣ (минтақавӣ) сабт шудааст.
Дар сурате, ки нарх дар ду биржаи Лондон ё дигар биржаҳои байнулмилалӣ (минтақавӣ) муайян карда нашудааст, заминаи андози рентаи содиротӣ бар асоси нархҳои бозор муайян карда мешавад.
Заминаи андоз аз ҷониби андозсупоранда аз рӯи ҳар як навъи объекти андозбандишаванда ҷудогона муайян карда мешавад.
Маблағи рентаи содиротӣ бояд на дертар аз санаи 15-уми моҳи минбаъда дар давраи ҳисоботии андоз ба буҷет пардохт карда шавад.
Андозсупорандгоне, ки дар давраи се моҳ ҳисоботи андоз пешниҳод накардаанд, саркаш дониста шуда, барои амали саркашӣ аз пардохти андоз қонунгузорӣ андозсупорандаро ба пардохт дар ҳаҷми ду баробари он уҳдадор мекунад.
Рентаи содиротӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ даромади иловагиест, ки истеҳсолкунанда барои фурӯши моли худ, маъмулан ашёи хом ба хориҷи кишвар бо нархи баландтар аз дохили кишвар ба даст меорад. Ба ибораи дигар, ин фоидаест, ки бо сабаби нисбат ба бозори дохилӣ дар бозори ҷаҳони қиматтар фурӯхтани мол ба вуҷуд меояд. Он маъмулан нисбати молҳои нодир ё молҳое, ки дар бозори ҷаҳонӣ арзиши баланд доранд, муқаррар карда мешавад.
Тибқи маълумоти Агентии омор, соли 2024 аз Тоҷикистон чунин молу маҳсулот содир шудааст, ки бо рента андозбандӣ мешавад:
- сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва фулузот - ба маблағи 376 млн доллар;
- фулузоти арзон ва маснуот аз он - ба маблағи 525 млн доллар;
- масолеҳи нассоҷӣ ва маснуот (нахи пахта, калоба ва ресмони пахтагин, риштаи абрешим ва дигар маснуоти нассоҷӣ) - ба маблағи 269 млн доллар;
- пӯсти коркардношуда ва чарм - ба маблағи 5,3 млн доллар.




