Рӯзҳои 9-10 июл дар Душанбе дар доираи Форуми байнулмилалии нассоҷӣ намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ ва маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад. Дар намоишгоҳ маҳсулоти саноати сабук, мудофиа, ангишт, кимиё, хӯрокворӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Намояндагони ширкатҳо имкон доранд, ки бо шарикони худ аз минтақа ҳамкориҳои нав роҳандозӣ намоянд.
Намоишгоҳ дар «ЭКСПО Центре»-и пойтахт ҷараён дорад. Он бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ташкил шудааст.

Рӯзи 8 июл сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров аз намоишгоҳ боздид карданд. Онҳо бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии ду кишвар аз наздик шинос шуданд. Чорабинии мазкур бо мақсади густариши шарикии байнулмилалӣ ва таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ миёни давлат, тиҷорат ва доираҳои илмӣ гузаронида мешавад.
Дар намоишгоҳи таҷҳизот ва маснуоти нассоҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон молу маҳсулоти категорияҳои гуногун дар толорҳои алоҳида гузошта шудаанд: саноати сабуку вазнин ва маҳсулоти хӯрокворӣ.
Миёни молҳои Қирғизистон метавон сарулибос, маҳсулоти хӯрокворӣ, дастгоҳу маводи тиббӣ ва ғайраро мушоҳида кард. Ҳатто чархболи корпоратсияи фаромиллии “Шумқор” аз Қирғизистон ба намоиш гузошта шудааст. Ҳамаи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони қирғиз дар як гӯша намоиш дода мешавад.
Намояндагони ширкатҳои гуногуни Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар меҳмонон аллакай роҳҳои имконпазири ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоратро фаъолона баррасӣ мекунанд.
Бархе аз меҳмонони Қирғизистон барои шабакаҳои иҷтимоии худ видео сабт карда, обуначиёнро бо молу маҳсулоти намоишгоҳ шинос мекунанд. Баъзе маҳсулот, асосан хӯроквориро харидан мумкин аст.
Намояндаи яке аз ширкатҳо ба “Азия-Плюс” чунин изҳори назар кард, ки ин чорабиниҳо ба роҳандози рбитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя, шиносоии ҳарчи бештари харидорони имконпазир аз хориҷа бо маҳсулоти Тоҷикистон ва аз ҳама муҳимаш - барқарор намудани ҳамкориҳои дӯстона бо Қирғизистон кумак мекунанд.
Тоҷикистон дар навбати худ маҳсулоти саноати истихроҷи ангишт, масолеҳи сохтмон, сабзавоту меваи маҳаллӣ, маҳсулоти ширӣ, молу маҳсулоти саноати нассоҷӣ, саноати сабук, мошинсозӣ, саноати мудофиа ва ғайраро ба маърази тамошо гузоштааст.
Намоишгоҳ имрӯз ҳам кор мекунад.




“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста