Душанбе, 20-уми май. «Азия-Плюс» — Шахсияти боз як тан аз тоҷикистонии ҳалокшуда бар асари сӯхтор дар маркази шаҳри Маскав муайян гардида, ҳамин тариқ шумори онҳо ба шаш наафар расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, чанде қабл шахсияти шаҳрванди 18-солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Баҳром Насимов муайян карда шуд. Ҳамчунин қаблан шахсияти панҷ нафар шаҳрвандони ҳалокшудаи Тоҷикистон – сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд – Қурбон Аҳмадови 55-сола; сокинони нохияи Шуғнони ВМКБ – Алихон Саиднаимови 26-сола ва Наимшо Саиднаимови 19-сола; сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Қаҳрамон Мараҷабови 33-сола ва сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Исҳоқ Раҷабови 48-сола муайян карда шуда буданд.
Ба иттилои манбаъ, то ҳанӯз шахсияти як тан аз ҳалокшудагон дар сӯхтор муайян карда нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки субҳи 17-уми май дар яке аз биноҳои сеошёнаи воқеъ дар қисмати ҷануби шарқии шаҳри Маскав, кӯчаи Болшой Афанасевский сӯхтор сар зада, бар асари он ҳафт нафар ҳалок ва ҳафт нафари дигар чароҳат бардоштанд.
Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, сӯхтор шояд бар асари истифодаи нодурусти бухории барқӣ сар зада бошад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ супориш дод, ки нисбати ин ҳодиса чораҳои дахлдор андешида, ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон кӯмак расонанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2025
15 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва аз саҳмияҳо кай даромад мегиранд?
Сохтмони метро дар Душанбе тобистони имсол оғоз мегардад
Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва имзои чанд санад. Бархе ҷузъиёти сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон
Таассуроти самимии рӯзноманигорони “The New York Times” аз истироҳатгоҳи “Хоҷа Обигарм”
Тоҷикистон дар рейтинги қобилияти зеҳнӣ дар ҷои чандум аст?
Тулӯъ ва ғуруби “Помир”. Чӣ тавр корхонаи маъруфи яхдон дар Душанбе моли таърих шуд?
Нархи нигоҳубини кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Манъи кор барои муҳоҷирон дар чанд самти дигар дар Воронеж
Шаш узви Ҳизби комунистии Тоҷикистон ҳам мехоҳанд вакили парлумон шаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста