Охири ҳафтаи гузашта, 4 январи соли 1964 - расо 60 сол пеш дар таърихи рушди соҳаи саноати Тоҷикистон рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар корхонаи яхдонсозии Душанбе нахустин намунаи модели маъруфи "Помир" истеҳсол шуд.

Аз ин лаҳза ба баъд таърихи корхонае шурӯъ шуд, ки ба рамзи қудрати саноатии Тоҷикистон табдил ёфт.

Иқтидори истеҳсолии корхона ҳайратовар буд: то 176 ҳазор яхдон дар як сол, беш аз 3 миллион адад дар давраи солҳои 1964-1991. Яхдонҳои боэътимод ва босифати "Помир" ба 15 кишвар, аз ҷумла Аврупо, содир мешуданд.

Корхона натанҳо бозори дохилиро бо маҳсулот таъмин мекард, балки робитаи иқтисодии ҷумҳуриро бо шарикони хориҷӣ тақвият мебахшид.

Ифтихори саноати Тоҷикистон

Корхонаи яхдонсозии Душанбе бо иштироки мутахассисон аз Ҷумҳурии демократии Олмон (ГДР), Маҷористон (Венгрия) ва Чехословакия сохта шуд. Он ба яке аз бузургтарин корхонаҳои ҷумҳурӣ табдил ёфт. Дар корхона беш аз 1000 нафар кор мекарданд ва пойгоҳи истеҳсолии он аз хатҳои истеҳсоли замонавӣ ва таҷҳизоти муосир иборат буд, ки имкон медоданд моделҳои боэътимодро истеҳсол кунанд.

Аз яхдонҳои "Помир" то ҳол дар хонаҳои баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон истифода бурда, он ёдоварӣ аз замонҳоест, ки саноати ҷумҳурӣ бо суръат ва самарабахш рушд мекард.

Коллажи Asia-Plus

Буҳрон ва таназзул

Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва мушкилоти иқтисодии солҳои 90-ум барои бисёре аз корхонаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи "Помир", фалокатбор шуданд. То соли 1991 истеҳсолот қатъ гардида, корхона барҳам дода шуд. Баъдан саҳҳомӣ шуд.

Талошҳои барқарор кардани корхона ноком шуданд: таҷҳизот фурӯхта шуда, қисме аз биноҳо тахриб ва қаламрави корхона барои истеҳсолоти хурд истифода шуд.

Вазъи имрӯзаи коррхона
Сурат: Asia-Plus

Хотираҳо аз гузашта

Дар суҳбат бо "Азия-Плюс" собиқ корманди корхона Сулаймон Шамсиев бо таассуф ва дилшикастӣ аз дастовардҳои гузашта ёдоварӣ кард:

"Вақте ба харобаҳояш менигарам, мехоҳам гиря кунам. Барои нигоҳ доштани истеҳсолот дар ин ҷо сармоягузориҳои калон лозим набуд. Мо биноҳои омода, таҷҳизот ва коргоҳҳои нав доштем. Лекин ҳамаи инҳоро нобуд карданд".

Имрӯз дар макони корхона коргоҳҳои хурде амал мекунанд, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон машғуланд.

Даромадгоҳи корхона, ки замоне тариқи он зиёда аз ҳазорон нафар вуруду хориҷ мешуданд
Сурат: Asia-Plus

Барои эҳё имкон нест

Иқтисодчиён бар ин назаранд, ки истеҳсоли яхдонҳо дар шароити имрӯза хеле гарон ва рақобатнопазир хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, дар барномаи рушди саноати Тоҷикистон то соли 2025 роҳандозии истеҳсоли техникаи маишӣ пешбинӣ нашудааст.

Танҳо ҳамкории муштарак бо ширкати "Artel"-и Ӯзбекистон метавонист ягона имконияти эҳёи корхона шавад. Аммо бо сабаби фурӯши заминҳои корхона ба шахсони хусусӣ, ин лоиҳа танҳо дар ҳуҷҷатҳо боқӣ монд.

Сулаймон Шамсиев бар ин назар аст, ки эҳёи корхона барои ҳама манфиат оварда метавонад:

"Мо ба кумак ва омӯзиши ҷавонон омодаем. Бекорон дар мо хеле зиёданд ва корхона метавонист ба як макони хуби рушди ҷавонон табдил ёбад".

Имрӯз нишони "Помир" танҳо дар хотираҳо зинда аст, ки аз замонҳои қудрати саноатии минтақа будани Тоҷикистон ёдоварӣ мекунад.

Сурат аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Дар Душанбе яхдонҳои Artel истеҳсол мешаванд

Дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев, дар соҳили дарёи Душанбе, ки ба маркази савдои "Ёвар" наздик аст, корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон - Artel Avesto Electronics фаъолият мекунад. Корхона ба васлу насби яхдонҳо ва дигар техникаи маишӣ машғул аст, ки тадриҷан дар бозори Тоҷикистон маъруфият касб мекунад.

Маҳсулоти корхона таҳти тамғаи Artel истеҳсол мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.