Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Турсунзода як сокини маҳаллӣ аз тири автомати Калашников ба қатл расонида шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, куштор бевақтии шаби 23-юми июн ба вуқӯъ пайваста, шахсони номаълум сокини деҳаи Ободон Зокирҷон Хидирови 29-соларо дар манзили зисти шахсиаш бо автомат паррондаанд ва сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. «Дар ҷойи ҳодиса 4 дона тири қутри 7,62 мм ва гилзаи тирро дарёфт намудаанд», - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, айни замон ҷиҳати боздошти афроди ин ҷиноятро содирнамуда чораҳо андешида мешаванд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон кормандони вазорат 610 адад аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла 144 адад автомати Калашников, 103 адад таппонча, 104 адад аслиҳаи дигари бурранда, 59 адад норинҷакафкан ва дигар муҳимотро дарёфт ва мусодира намудаанд.
Гуфта мешавад, аз замони имзои фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи ихтиёрӣ супоридан ва мусодираи силоҳи оташфишон, муҳимот ва техникаи низомӣ аз аҳолии ҶТ» аз соли 2004 то имрӯз ҳудуди 34 ҳазор адад силоҳи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардидааст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста