Қӯрғонтеппа. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Боз як ҷароҳатбардошта аз таркиш дар нуқтаи фурӯши газ дар ноҳияи Бохтар пас аз як рӯз дар бемористон ба ҳалокат расид. Ёдрас мекунем, ки таркиш рӯзи 25-уми июн зимни пур кардани автомобил бо газ ба вуқӯъ пайваста буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» додситони ноҳияи Бохтар Иброҳим Атовуллоев изҳор дошт, нимаи рӯзи 25-уми июн дар нуқтаи фурӯши гази воқеъ дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Ҷалолиддини Румӣ ҳангоми пур кардани автомашинаи «Daewoo» рақами давлатӣ Т0390РТ/03 таркиш рух дода, бар асари он ронандаи автомашина, сокини 39-солаи шаҳри Душанбе Одилҷон Меҳмонов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар натиҷаи инфиҷор ронандаи автомашинаи «ЗИЛ», сокини 27-солаи ноҳияи Ҳисор Зафар Назаров, ки дар навбати пур кардани мошинаш бо газ он ҷо интизор будааст, низ осеб дида, рӯзи дигар дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Айни замон дар бемористон боз ду нафар шахсони аз ин таркиш осебдида – сокини ноҳияи Хуросон Аваз Шарифов ва сокини ноҳияи Вахш Зоҳир Ашӯров бистарианд ва вазъи саломатиашон хуб аст.
Аз рӯйи ин далел санҷиш гузаронида шуда, тибқи натиҷаҳои он дар бораи боз кардани парванди ҷиноӣ қарор қабул хоҳад шуд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2025
15 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва аз саҳмияҳо кай даромад мегиранд?
Сохтмони метро дар Душанбе тобистони имсол оғоз мегардад
Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва имзои чанд санад. Бархе ҷузъиёти сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон
Таассуроти самимии рӯзноманигорони “The New York Times” аз истироҳатгоҳи “Хоҷа Обигарм”
Тоҷикистон дар рейтинги қобилияти зеҳнӣ дар ҷои чандум аст?
Тулӯъ ва ғуруби “Помир”. Чӣ тавр корхонаи маъруфи яхдон дар Душанбе моли таърих шуд?
Нархи нигоҳубини кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Манъи кор барои муҳоҷирон дар чанд самти дигар дар Воронеж
Шаш узви Ҳизби комунистии Тоҷикистон ҳам мехоҳанд вакили парлумон шаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста