Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари заҳролудшавӣ аз ғизо як нафар фавтида, 26 нафари дигар дар бемористон бистарӣ шуданд.

Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, аввали ҳафтаи равон як гурӯҳ аз сокинони шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба бемористон бистарӣ шудавнд.

«Маълум шуд, ки рӯзи 28-уми октябр сокини шаҳрак Шакаралӣ Нозирови 38-сола 50-60 нафар ҳамдиёрони худро ба оши худоӣ ба манзилаш даъват мекунад. Қисмате аз меҳмонон помидори дар шароити хона консервшудаи туршро истеъмол мекунанд. Дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз он, рӯзи 30-юми октябр хоҳари соҳибхона – Мастура Нозироваи 31-сола дар бемористон ба ҳалокат мерасад», - гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, айни замон 7 нафари заҳролудшуда бо шумули соҳибхона дар шуъбаи эҳёгарӣ ва боз 19 нафари дигар дар шуъбаи касалиҳои сироятии бемористон таҳти назорати табибон қарор доранд. Таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи мазкур идома дорад.