Пас аз як рӯзи садамаи нақлиёти пурқурбонӣ дар роҳи Хуҷанд – Мастчоҳ, ки боиси марги 7 нафар, аз ҷумла 5 узви як хонавода гардида буд, 3 мусофири дигари ба беморхона интиқолёфта низ ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бора маъули матбуоти раиси ноҳияи Мастчоҳ Фитрати Ҳикмат ба Asia-Plus иттилоъ дод..
Ӯ гуфт, се мусофири дар садамаи нақлиёти ҷароҳатбардошта, ки ба беморхона интиқол ёфта буданд, пас аз як рӯзи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Ҳамин тавр, ҳамаи 10 мусофири ду нақлиёти ба садама дучоршуда ҷон бохтанд.
Бояд гуфт, ки садамаи нақлиётии пурқурбонӣ 24-уми июл дар роҳи Хуҷанд - Мастчоҳ рух дод. Он замон як кирокаш бо нақлиёти як сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрд.
Дар пайи он 7 нафар, аз ҷумла 5 узви як оила ба ҳалокат расиданд. Се мусофири кирокаш он замон бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфта буданд.
5 аъзои оилаи ҷонбохта сокинони ҷамоати деҳоти Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ буда, субҳи 24-уми июл барои пешвози фарзандашон ба Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд рафта, аз онҷо бармегаштанд. Дар роҳи даромадгоҳи ноҳия нақлиёти онҳо бо кироякаш (таксӣ), ки самти ҳаракаташ Ойбек - Душанбе буд, бархӯрд.




Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста