Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди ноҳияи Ҷаббор Расулов 5 нафар, аз ҷумла 3 ноболиғи 16-сола ба ҳалокат расидаанд. ВКД мегӯяд, ҳодиса бо айби Дониёр Қурбанбоеви 23-сола, ки “ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингард... ба самти муқобили роҳ баромад” рух додааст.
Ин ниҳод навишт, ки ҳодиса рӯзи 29-уми майи соли 2025, тахминан соати 14:00 рух дода, мошини “Опел-Комбо” Дониёр Қурбанбоев ба автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, ки таҳти идораи Атохон Ҷумахмедови 35-солаи сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Ба навиштаи ВКД, дар натиҷа, дар ҳар ду мошин сӯхтор сар зада, ронанда ва се мусофири “Опел-Зафира”, инчунин, як мусофири “Опел-Комбо” дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд. Аз ҷонбохтагон чунин ном бурда мешавад:
- Атохон Ҷумахмедови 35-сола, ронанда автомашинаи «Опел-Зафира», сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов;
Мирзошавкатзода Муслиҳиддини 16-сола, мусофири автомашинаи «Опел-Зафира, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов;
- Асадхонзода Муҳаммадхони 16-сола, мусофири автомашинаи «Опел-Зафира, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов;
- Сулаймонов Ҳадятуллои 16-сола, мусофири автомашинаи «Опел-Зафира, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов;
- Обидҷон Обидови 31-сола, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», сокини ноҳияи Б.Ғафуров.
Манбаъ илова кардааст, ки Дониёр Қурбанбоеви, ронандаи “Опел-Комбо” ва 3 мусофири “Опел-Зафира” ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Маълум нест, ки вазъи саломатии онҳо чӣ гуна аст.
Мақомот гуфтааст, ки “оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад”.
Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар пайи 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ 552 нафар (соли 2023 -1 ҳазору 111 садама – 519 кас) ҷон бохта, 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомот мегӯянд, суръати баланд, вайрон кардани қоидаҳои сабқат ва ҷойивазкунӣ, риоя накардани фосила, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ, омилҳои асосии садамаҳои нақлиётӣ мебошад.





Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста