Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯза оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони хадамоти махсуси Афғонистон дар мавриди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ба кор шурӯъ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари намояндагии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, дар семинар 15 нафар намояндагони милиса, гумрукчиён ва марзбонони афғон малакаҳои мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддирро меомӯзанд.
«Ба сифати омӯзгорону мураббиён кормандони Раёсати мубориза бар зидди маводи нашъаовари Вазорати адлияи Амрико (
DEA
) ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон интихоб шудаанд», - изҳор дошт манбаъ.
Ба иттилои сарчашма, тамоми хароҷоти баргузории тренинг бар дӯши намояндагии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон вогузор шудааст.
Ширҷӯш, устои мошин... Қатар кадом муҳоҷирони кории тоҷикро интизор аст?
Размикор аз Тоҷикистон ба унвони беҳтарин дар Open FC дар соли 2024 довталабӣ мекунад
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Бахши кишоварзии Тоҷикистон: Ҳамаи нишондиҳандаҳо афзуданд, ба ҷуз пахтакорӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 декабри соли 2024
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста