Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ба таҷлили ҷашни 10-умин солгарди таъсисёбиаш, ки 1-уми июн баргузор мегардад, омодагӣ мегирад.
Чӣ тавре ки сардори ситоди агентӣ Фахриддин Ҷонмаҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар пешорӯи ҷашн, рӯзи 29-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронси байнулмилалӣ доир мегардад, ки барои иштирок дар кори он коршиносони Маркази минтақавии иттилоотиву ҳамоҳангсозии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо маводи мухаддир (марказаш дар шаҳри Алмаато), намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои дигар, созмонҳои байнулмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват карда шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ба ин муносибат ҳамчунин доир сохтани ҷамъомади тантанавӣ ба нақша гирифта шуда, дар он собиқадорони соҳа ва кормандони пешқадаму фаъоли агентӣ бо ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадронӣ карда хоҳанд шуд. «Ба ифтихори ҷашн ба табъ расидани маҷаллаи ҷашнӣ дар бораи фаъолияти Агентӣ пешбинӣ шудааст», - афзуд Ф.Ҷонмаҳмадов



Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста