Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Додгоҳи Олии ҶТ аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаро, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ба он шомил буданд, барои ҳамлаи мусаллаҳона ба казинои «Помир» моҳи феврали соли ҷорӣ ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунанда дар мурофиаи додгоҳии мазкур, додраси Додгоҳи Олӣ Маҳмадалӣ Абдулҳақов иттилоъ дод, собиқ муовини сардори гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи (ОМОН) ВКД ҶТ Равшан Ҳомидов ва собиқ сардори қисми навбатдории ин гурӯҳ Тоҳир Раҳимов ба 21 соли зиндони низоми шадид бо мусодираи амвол маҳкум гардиданд. «Боз як аъзои гурӯҳ – шаҳрванди бекор Хуршед Исломов ба 24 соли зиндони низоми шадид ва мусодираи амвол маҳкум гардид», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи додрас, парвандаи ҷиноӣ нисбат ба роҳбари гурӯҳ – собиқ корманди Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ - Таваккалхӯҷа Низомов, ки айни замон таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад, ба таври алоҳида барррасӣ хоҳад шуд. «Аъзои дигари гурӯҳи ҷиноятпеша – шаҳрванди бекор Абдухалил Фаттоев низ дар ҷустуҷӯ қарор дорад», - афзуд ӯ.
Ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳиро корманди Додситонии кулли ҷумҳурӣ Х.Заҳруддинов намояндагӣ кард.
Ёдрас мекунем, ки аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ҳодисаи ғорат намудани казинои «Помир» дар ҷамоати Оққӯрғони ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар дониста мешаванд. Шаби 15-уми феврал гурӯҳи афроди мусаллаҳи ниқобпӯш ба казино ворид гардида, бо таҳдиду зӯроварӣ аз силоҳи оташфишон бошандагони казино, кормандон ва посбонони онро рӯи фарш мехобонанд ва сипас аз ҳозирин телефонҳои мобилӣ ва калидҳои мошинҳояшонро кашида гирифта, сейфи нигаҳдории пулро, ки дар дохили он ҳудуди 40 ҳазор доллари ИМА мавҷуд буд, бо худ мебаранд. Онҳо ҳамчунин таҷҳизоти наворбардории видеоии казино ва протсесори компутарро низ бо худ мегиранд. Пас аз он ба мошини навъи «Lexus-350» нишаста оромона аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Мошин субҳи рӯзи дигар дар канори маҳаллаи Калинини пойтахт ёфт шуда буд.



Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста