Шахсони номаълум нимашаби шаби 6 август бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи сокини 45-солаи ноҳияи Шамсиддини шоҳин (собиқ Шӯрообод) ворид шуда, аз он ҷо як адад сейфи оҳанини дорои 80 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоии арзишаш 7 ҳазору 200 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Ш.Шоҳин дастгир гардидааст.

Ғайр аз ин, рӯзҳои истироҳати гузашта боз як ҳодисаи дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ ба қайд гирифта шудааст. Рӯзи 5 август шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи зани 41-солаи сокини ноҳияи Спитамен шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 5 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар гумонбарӣ ба дуздии моликияти шахсӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се нафар ноболиғ: як нафар 16 ва ду нафар 17-сола дастгир карда шуданд.