Ҳабси 10 нафар собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро набояд ба овозаҳову муқовиматҳои ҷойдошта миёни сохторҳои давлатӣ ё ба истилоҳ «низоъҳои байниидоравӣ» марбут донист.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Сулаймон Султонзода зимни нишасти хабарӣ мегӯяд, шахси содиркардаи ҷиноят сарфи назар аз унвонаш, бояд назди қонун ҷавоб гӯяд ва суд сатҳи айбдории собиқ муборизон бо коруупсияро муайян мекунад.
«Сарфи назар аз сарусадову ҳангомаҳои марбут ба ҳабси мансабдорони воломақом, мардум ба Агентӣ эътимод дорад ва ҳамарӯза садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон баҳри машварат ва ҳимоя ба мо муроҷиат мекунанд», - иброз дошт ӯ.
Номбурда ба рӯзноманигорон итминон дод, ки «ҳабси собиқ кормандони ин ниҳод ба ҳеҷ гунае ба фаъолияти ҳамарӯзаи Агентӣ таъсир манфӣ нагузоштааст».
Ёдрас мекунем, ки қаблан аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар доданд, ки мурофиаи додгоҳии собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки рӯзи 19 июл дар Суди олӣ оғоз гардид, пушти дарҳои пӯшида мегузарад.