Раиси Коллегияи адвокатҳои шаҳри Хуҷанд ҳангоми гирифтани 200 ҳазор сомонӣ бо далели шайъӣ боздошт шуд.

Тавре аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд хабар доданд, адвокат ба боварии як сокини вилоят даромада, аз ӯ барои мусоидат ба озодии бародараш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ин миқдор маблағро талаб кардааст.

Бино ба иттилои манбаъ, нисбати раиси Коллегияи адвокатҳои Хуҷанд мутобиқи моддаи 247, қ. 4- и Кодекси ҷиноии ҶТ (қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ таҳти ҳабс қарор дорад.