Милисаи шаҳри Душанбе боз як сокини пойтахтро ба хотири озори модараш барои 10 шабонарӯз ҳабс кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти РВКД-и Душанбе, аз ин нафар Парвиз Мусофирови 51-сола ном бурда мешавад.
Аз ин сокини Душанбе, бошандаи кӯчаи Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ, оиладор соҳиби ду фарзанд ном бурда мешавад, ки барои озори модар ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз сӯйи пулис дастгир карда шудааст.
«Номбурда санаи 31-уми январи соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиаш ҳозир гашта, бо модару ҳамсари бародараш муноқиша ва нисбати онҳо суханони қабеҳ зада, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон ва дар назди атрофиён шаъну шарафи номбурдагонро паст задаст»,- омадааст дар хабарномаи РАВКД-и Душанбе.
Додгоҳ Парвиз Мусофировро бар асоси моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷрим шинохта, ба муҳлати 10-шабонарӯз ҳабс кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста