Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе аз боздошти хонандагони чанд мактаби шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо маслиҳати пешакӣ як хонандаи синфи 8-и пойтахтро латукӯб кардаанд.
Милитсияи пойтахт, аз хонандагон ном набурдааст ва танҳо ишора кардааст, ки онҳо хонандагони мактабҳои №77, №78 ва №57 буда, як хонандаи синфи 8-уми маткби №5-ро латукӯби шадид кардаанд ва ҷараёни латукӯбро ба навор гирифта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:00 дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух додааст.
“Айни замон ҳамаи гумонбарон дастгир гардида, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, - омадааст дар иттилоия.
Дар бораи сабабу омили латукӯб чизе гуфта нашудааст.
Шоми 25-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори муноқиша ва зери латукӯб қарор додани як ноболиғ аз ҷониби гурӯҳи наврасон, ки зоҳиран хонандагони мактаб буданд, нашр гардид. Он миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овард ва онҳо аз мақомоти дахлдор, махсусан милитсияи Душанбе дархост карданд, ки гунаҳкорон боздошт ва ҷазо дода шаванд.
Ёдовар мешавем, ки чанд пеш волидайни чанд духтари ноболиғ аз шаҳри Исфара, ки навори лаҳзаи латукӯби як духтари ноболиғ аз сӯи онҳо, боиси сару садо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон) муҷозот гардида буданд.
Тайи 10 сол Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кард
Хисороти боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар кишвар
Тотористон ронандагон ва муҳандисони тоҷикро ба кор ҷалб кардан мехоҳад
Хадамоти алоқа: ширкатҳои мобилӣ дар се моҳ беш аз 1 млрд сомонӣ даромад ба даст овардаанд
Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаанд. Ноиби раиси ҷумҳури Эрон ин хабарро расман тасдиқ кард
Чархболи суқуткардаи Иброҳим Раисӣ пайдо шуд, аммо тақдири ӯ ва ҳамроҳонаш норӯшан аст
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста