Абдулҳаннон Маннонов, рӯҳонии 51-солаи тоҷик, ки чанд моҳ пештар дар тӯйи бародарзодааш дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон монеи рақсу сурудхонӣ шуда буд, бо ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон 6 сол равонаи зиндон шудааст. Қаблан ӯ, ба “даъват ба ифротгароӣ” муттаҳам мешуд.
Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад ва менависад, ки “ҳукм дар охири ҳафтаи гузашта эълон шуда, додрас ӯро ба даъват ба ифротгароӣ гунаҳкор кард”.
Вакили дифои ин рӯҳонӣ, Саидҷаббор Алиев эълони ҳукмро ба Радиои Озодӣ тасдиқ карда, аммо тафсилот надодааст.
Маълум нест, Абдулҳанон Маннонов дар додгоҳ чӣ гуфтааст ва мавқеи наздиконаш чист.
Қаблан, иттилоъ дода мешуд, ки бар зидди Абдулҳаннон Маннонов барои "даъват ба ифротгароӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, барои муҳокима ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристоданд.
Ду манба аз мақомоти тафтишотӣ, гуфта буданд, ки “парвандаи рӯҳонӣ се моҳ боз тафтиш мешавад. Худаш дар Боздоштгоҳи муваққатӣ аст”.
Тафсилоти бештар дар хусуси иттиҳом ва раванди тафтишот ва назари наздикони рӯҳонӣ оид ба иттиҳом маълум набуд ва ҳамчунин маълум нест, ки чӣ гуна дар як муддати кутоҳ парвандаи ӯ баррасӣ ва худаш ҳукм гирифт.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз ҷараёни тӯй нашр шуд ва дар он дида мешуд, ки як марде бо қиёфаи рӯҳонӣ монеи рақсу сурудхонӣ гардида, меҳмононро меронад.
Навори дашном ба меҳмонон ва рондани мардум аз хона барои рақсу бозӣ хашми корбаронро барангехт. Бисёриҳо рафтори ӯро танқид карда, хостори таҳқиқи он аз ҷониби мақомоти зиддахл шуданд.
Вазорати корҳои дохилӣ наворро шарҳ дода, рӯзи 27-уми январ гуфт, рӯҳонӣ Абдулҳаннон Маннонов ҷашни арӯсии ҷиянашро дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён баҳам задааст.
Худи Маннонов дар навори мақомоти корҳои дохила гуфт, ки аз асабоният чунин рафтор кард ва умед дорад, мардум ӯро мебахшанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста