Дар яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) масъулин вазифадор шудаанд, ки шумораи шаҳрвандони синни даъватиро дақиқ кунанд ва рӯйхати онҳоро ба комиссариати ҳарбӣ пешниҳод намоянд. Инчунин, ҳама ҷавонписарон то мавсими даъвати навбатӣ аз муоинаи пешакии тиббӣ гузаронида мешаванд.

Тавре хабаргузории “Ховар” иттилоъ медиҳад, дирӯз, 20-уми июл, дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҷиҳати омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласаи корӣ доир гардид.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа роҳбарияти ноҳия масъулинро барои омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонони соли таваллудашон 1996-2005 вазифадор намудааст.

“Раисони ҷамоатҳои деҳот, комиссариати ҳарбии ноҳия супориш гирифтанд, ки омӯзиши шаҳрвандони синни даъватиро дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро, ки бояд дар давраи навбатии соли 2023 ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд, муайян намоянд”, - менависад манбаъ.

Дар хабар афзуда мешавад, ки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилот, корхонаҳо, муассисаҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, новобаста аз шакли моликият ӯҳдадор гардиданд, ки “рӯйхати шаҳрвандони синни даъватиро ба комиссариати ҳарбии ноҳия пешниҳод ва дар асоси даъватномаи комиссариати ҳарбӣ шаҳрвандони синну соли даъватиро хабардор намоянд”.

Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки муроҷиати шаҳрвандони синни даъват барои аз қайди ҷои истиқомат баромадан, мондан, гирифтани маълумотномаҳо ва маълумоти оиладорӣ дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи комиссариати ҳарбӣ барои дар қайди ибтидоии ҳарбӣ будан мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ҳамчунин, ба раисони ҷамоатҳои деҳот супориш дода шудааст, ки тибқи нақшаи пешакии тасдиқшуда то 1 октябри соли 2023 аз ҳисоби даъватшавандагоне, ки бояд дар давраи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват шаванд, муоинаи пешакии тиббӣ гузаронида шуда, барои дар санаи муайяншуда ба хизмати ҳарбӣ равон намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ин дар ҳолест, ки аксаран дар рӯзи аввали мавсими даъвати ҳарбӣ ВМКБ дар бораи иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ хабар медиҳад. Дар даъвати баҳории имсола низ ин вилоят якум шуда, аз иҷрои пурраи нақша ҳисобот дода буд.

Ҳамин тавр, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дар зинаҳои баъдӣ қарор мегиранд.

Бояд гуфт, ки маъракаи даъвати имсола “шева”-ҳои ба худ хосро дошт. Аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо.


Ахиран, навори латукӯби наваскарон аз ҷониби ҳамхидматони худ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ паҳн шуд, боиси такроран оғоз шудани баҳсҳо гардид.

Дар пайи ин, Додситони кулли Тоҷикистон изҳорот нашр карда, хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 15 декабри соли 2022 қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ рух додааст ва вобаста ба он прокуратураи ҳарбӣ 5 нафар хидматчиёни ҳарбӣ ва подполковник Нузхат Лазуриев, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ-ро боздошт кардааст.

Дар робита ба ин, рӯзи 30-юми майи соли 2023 як подполковник ва 7 сарбози собиқ барои латукӯби наваскарон аз 9,5 то 11,5 сол зиндонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ду маротиба - дар фасли баҳор ва тирамоҳ шаҳрвандони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Маҳз дар ҳамин давра расонаҳо дар бораи даҳҳо ҳодисаи ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмат хабар нашр мекунанд. Мақомот ҳамеша ин хабарро рад ва афзоиши шумори ихтиёриён ба хидмати ҳарбӣ эълон мекунанд.

Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.