Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, имрӯз, 31-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ садамаи нақлиётӣ бо иштироки муовинаш Акбар Муҳиддинзодаро тасдиқ карда, зикр намуд, ки ӯ ҳангоми рондани мошин маст набуд.
“Акбар Муҳиддинзода соати 1 - и шаб модари беморашро ба беморхона мебурдааст, ки садама рух додааст. Ронанда не, балки пиёдагард маст буд. Илова бар ин, ягон одам бе душман нест”, - гуфт Салимзода.
Бояд закр намуд, ки қаблан расонаҳо оид ба садамаи нақлиётӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дода, навишта буданд, ки ҳодиса моҳи майи соли ҷорӣ дар роҳи ҷамоати деҳоти Унҷӣ рух додааст ва бар асари он сокини ин маҳал Нодирҷон Назаров ҷон бохтааст.
Худи Акбар Муҳиддинзода дар нишасти матбуотӣ ҳузур надошт ва шарҳи ҳодиса аз забони худи ӯ маълум нест. Ҳамчунин, дақиқ нест, ки дар робита садамаи нақлиётӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки боиси марги як нафар гардид, парванда боз шуда, таҳқиқ ҷараён гирифтааст ё не.
Мақомоти корҳои дохилаи кишвар низ расман ҳодисаи мазкурро шарҳ надодааст.
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
БОР: Интиқоли маблағ касри савдои хориҷии зиёдшудаи Тоҷикистонро ҷуброн кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2025
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста