Касри савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2024 зиёд шуд, зеро воридот ба андозаи 19,2% афзуда, содирот ба миқдори 20,5% коҳиш ёфт. Дар ин бора дар “Гузориши рушди Осиё”-и Бонки осиёии рушд (БОР) маълумот дода мешавад.
“Содирот аз 2,45 млрд доллар дар соли 2023 то ба 1,95 млрд доллар поин рафт, зеро шароити номусоиди обуҳаво ва нархҳои нисбатан баланд ба нуриҳои минералӣ ба коҳиши содироти сабзавот ба андозаи 51% ва пахта - 14,3% боис гардиданд”, - таъкид мекунанд муаллифони гузориш.
Зикр мегардад, ки содироти фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, ки тайи солҳои ахир дар онҳо тилло афзалият дошт, бар асари коҳиши содироти тиллову сурма ва дигар фулузот ба андозаи 59,6% кам шуд. Дар ҳамин ҳол, таъкид мешавад, ки фулузот “то ҳол 17,8% аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил доданд”.
Тибқи арзёбии таҳлилгарони БОР, ба коҳиши содирот ҳамчунин болоравии боҷҳои воридотӣ дар Ӯзбекистон боис гардида, дар натиҷа содироти семент аз Тоҷикистон ба андозаи 30,4% коҳиш ёфт.
Ёдрас мекунем, ки тирамоҳи соли гузашта ҳукумати Ӯзбекистон меъёри боҷи воридотӣ барои семент аз Тоҷикистонро қариб 9 баробар (аз 35 доллар то 300 доллар барои 1 тонна) боло бурд, ки дар натиҷа интиқоли ин масолеҳи сохтмон аз ҷумҳурӣ ба кишвари ҳамсоя амалан қатъ шуд.
Бино ба маълумоти Агенти омори Тоҷикистон, дар соли 2024 воридоти молу маҳсулот ба кишвар (зиёда аз 7 млрд доллар) нисбат ба содирот аз ҷумҳурӣ (беш аз 1,9 млрд доллар) 3,6 баробар зиёд буд. Як сол қабл воридот нисбат ба содирот 2,5 баробар (воридот - 5,9 млрд доллар, содирот - беш аз 2,4 млрд доллар) бештар буд.
Дар гузориш зикр мешавад, ки болоравии интиқоли маблағ ба кишвар касри бузурги савдои ҷумҳуриро пурра ҷуброн кард.
Дар ҳамин ҳол, муаллифони гузориш интизорӣ доранд, ки интиқоли маблағ дар соли равон то 37% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) кам мешаванд.
Дар гузориши аввали моҳи марти Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳоҷират зикр шуда буд, ки дар соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик ба 45% нисбат ба ММД баробар аст. Ин нишондиҳандаи баландтарин дар ҷаҳон дар ифодаи нисбӣ мебошад. Ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 24% ва Ӯзбекистон - 14% нисбат ба ММД-ро ташкил дод.
Қобили зикр аст, ки мақомоти Тоҷикистон аллакай 10 сол инҷониб аз пешниҳоди маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирон худдорӣ мекунанд. Солҳои гуногун сабаби ин ба гунаҳои мухталиф шарҳ дода мешуд. Ду соли ахир чунин шарҳ дода мешавад, ки пайгирии ҷараёни интиқоли пул дар ҷаҳони муосир қариб ғайриимкон шудааст, зеро дар ин кор одамон аз тарзҳои гуногуни интиқол истифода мекунанд.





