Додгоҳи иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) талаби Додситонии ин вилоят дар бораи бозпас гирифтани замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғро қонеъ кардааст. Масъулини донишгоҳ аз болои ҳалнома шикояти кассатсионӣ кардаанд ва он дар баррасӣ қарор дорад.
Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми август, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Номбурда гуфт, сабаби асосии бозпас гирифтани замини донишгоҳ риоя нашудани моддаи 25 Кодекси замини Тоҷикистон дар бораи ба муҳлати муайян, яъне то 50 сол ба иҷора додани замин ба шахсони хориҷӣ аст.
Дар моддаи 25 Кодекси замин омадааст, ки “қитъаҳои заминро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба истифодаи мӯҳлатнок ба мӯҳлати то 50 сол додан мумкин аст”.
"Мутаассифона, дар вақти додани қарори истифодаи замини донишгоҳ ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳамин меъёри қонун риоя нашудааст. Айни ҳол ҳалномаи зинаи аввал қабул шудааст ва масъулини донишгоҳ ба марҳалаи дигар шикояти кассатсионӣ карданд ва он мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дорад”, - гуфт Рустам Мирзозода.
Аммо зикр нагардид, ки меъёри қонун мушаххасан чӣ гуна вайрон карда шудааст. Оё замин ба муҳлати бештар ё камтар аз 50 сол ба иҷора дода шудааст ё муҳлати иҷора умуман муайян нашудааст?

Қаблан Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон хабар дода буд, ки Додситонии ВМКБ аз онҳо тақозо кардааст, то сертификати ҳуқуқи истифодаи замини Донишгоҳи Осиёи Миёна беэътибор дониста шуда, замин ба ҳукумати шаҳри Хоруғ баргардонда шавад.
Замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ охири солҳои 90-ум аз сӯи Шабакаи Оқохон харидорӣ шуда, соли 2000-ум донишгоҳ таъсис ёфт.
Гуфта мешавад, ки зери созишномаи таъсиси ин донишгоҳ президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва Шоҳзода Карим Оқохони 4 имзо кардаанд. Ин созишнома аз ҷониби порлумонҳои ин се кишвар ба тасвиб расид ва дар Созмони Милали Муттаҳид ҳам ба қайд гирифта шудааст.
Радиои Озодӣ менависад, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ягона муасисаи Шабакаи Оқохон нест, ки мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд моликияташро давлатӣ кунанд. Моҳи гузашта Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ давлатӣ шуд. Пеш аз он меҳмонхонаи “Серена”, вобаста ба Шабакаи Оқохон (AKFED), дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ ҳам ба фоидаи давлат гузаронда шуд.
Соли гузашта Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғро, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буд, ба моликияти давлатӣ табдил доданд.
Ин созмони зери назари Оқохон то кунун дар бораи ин амалкарди мақомот ва давлатӣ шудани амволҳои зерсохторҳояш расман чизе нагуфтааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста