Сулаймон Султонзода, директори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ рӯйхати ниҳодҳоеро номбар кард, ки дар онҳо бештар аз ҳама ҳолатҳои фасодкорӣ ошкор шудааст.
Ба гуфтаи Султонзода, дар зарфи шаш моҳи аввали соли 2023 ҳолатҳои хусусияти коррупсионидошта бештар аз ҳама дар ниҳодҳои зерин ошкор гардидааст:
- бонкҳои давлатию тиҷоратӣ - 142 ҷиноят;
- ҳукумати шаҳру ноҳияҳо - 123 ҷиноят;
- идораи замин ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул - 107 ҷиноят;
- маориф ва илм - 116 ҷиноят;
- тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 70 ҷиноят;
- шабакаҳои таксимоту фурӯши барқ - 26 ҷиноят;
- меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ - 18 ҷиноят;
- кишоварзӣ - 17 ҷиноят;
- дигар идораву корхонаҳои давлатӣ - 246 ҷиноят.
Бояд гуфт, ки Агентии зиддифасод ҳар сол ин рӯйхатро пешниҳод мекунад. Соли 2022 дар ин миён ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, маориф, тандурустӣ, замин ва соҳаи бонкдорӣ дар раддаи авал қарор доштанд.

Дар ин баробар, Агентии зиддифасод дар шашмоҳаи аввали соли равон 44 ҳолати фаъолияти якҷои хешовандон дар мансабҳои давлатиро ошкор кардааст.
“Аз фаъолияти якҷои хешовандон дар соҳаи тандурустӣ 16 ва дар соҳаи маориф 15 ҳолат ошкор гардида, онҳо аз вазифа озод карда шуданд. Дар ниҳодҳои дигар ҳам ин раванд ошкор ва чораҳои дархлдор андешида шудааст”, - гуфт Сулаймон Султонзода.
Ба қавли ӯ, дар шашмоҳаи гузашта инчунин 68 ҳолати вайрон кардани талаботи моддаи 22-и Қонун “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, аз қабили мавҷудияти доғи судӣ, надоштани таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдори ҳатмӣ ошкор гардида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта бо ирсоли санадҳои эътиноӣ чораҷӯӣ карда шудааст.
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Ҳавлӣ, хона, ду мошин ва 230 ҳазор сомонӣ. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои “парвандаи табаддулот" оғоз карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 4
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста