Додгоҳи вилояти Суғд Шоҳҷаҳон Фаттоеви 28-сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро барои куштори ҳамсараш гунаҳқор дониста, тибқи моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Шоҳҷаҳон Фаттоев ва ҳамсараш Дадабоева Г. чор сол пеш, яъне соли 2019 никоҳ баста, зиндагии якҷоя доштаанд. Баҳори соли ҷорӣ Дадабоева Г. ними шаб бо марди ношиносе телефонӣ суҳбат мекунад ва аз ин шавҳараш Шоҳҷаҳон Фаттоев хабар ёфта, ӯро ба хонаи волидонаш мебарад ва ҳадафи ҷудо шуданашро баён мекунад.
Пас паз як моҳ, миёни Шоҳҷаҳон Фаттоев ва ҳамсараш Дадабоева Г., ки аллакай ҷудо аз ҳам мезистанд, муноқиша сар мезанад. Дар натиҷа, Фаттоев бо корди хоҷагӣ чанд марротиба ба тани ҳамсараш мезанад ва ӯро мекушад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ин аввалин ҳолати куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар набуда, қаблан низ чандин дар ин бора хабарҳо расонаӣ мешуданд. Масалан, моҳи марти соли ҷорӣ Додгоҳи вилояти Суғд Ҳайдар Ҳайдаров, як сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакентро бо иттиҳоми куштори ҳамсараш гунаҳкор дониста, барои 23 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Ваё моҳи январ, як сокини шаҳри Исфара ҳам ҳамсари худро барои бо телефони мобилӣ суҳбат кардан, ба қатл расонида буд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 4
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста