Марде, ки чанде пеш аз муассисаи ислоҳии сукунати назди шаҳри Иркутск дар рӯзи озодиаш фирор намуд, шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Дар ин бора телеграм-канали SHOT хабар медиҳад.
Ба иттилои халамоти матбуоти Сарраёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои ҷиноятии Русия дар вилояти Иркутск, маҳбуси 49-сола дар рӯзи итмоми адои ҷазо аз муассисаи ислоҳии ИК-19 воқеъ дар шаҳраки Маркова гурехтааст.
Гуфта мешавад, соли 2001 ӯ ба иттиҳоми ҷиноятҳои куштори фармоишӣ, роҳзанӣ, дуздӣ ё тамаъкунии аслиҳаву муҳимот, мавод ва дастгоҳҳои тарканда ба 22 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, Камолҷон Калонов барои он фирор намудааст, ки дигар намехостааст, ки ба Тоҷикистон баргардад, зеро пас аз раҳо кардан ӯро бояд ихроҷ мекарданд.
Маҳбуси гурехтаро ҳоло дастгир накардаанд.
Акнун барои фирор ӯ метавонад боз ба 4 соли зиндон маҳкум шавад, хабар медиҳад РИА Новости.
Муассисаи ислоҳии сукунат чунин макони адои ҷазо мебошад, ки дар он маҳбусон метавонанд озодона дар қаламрави он равуо кунанд ё бо иҷозаи маъмурият бидуни тарки маҳалли воқеъгардида ба берун аз ҳудуди он раванд.