Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Дилшод Саидмуродов (“Дилшоди “Красавчик” ё Дилшоди “СБ”) бо 13 гумонбари дигар дар рубуда ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовири роҳбари “Ориёнбонк” барои баррасӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст. Дар ин бора Додситонии кулии Тоҷикистон дар посухи катбӣ ба дархости “Азия-Плюс” хабар дод.
Ин ниҳод Дилшод Саидмуродовро ҳамчун “роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ” ном бурда, гуфтааст, ӯ дастгир карда шудааст.
“Пас аз тафтиши пурра ва холисонаи ҳолати кор парвандаи ҷинояти нисбат ба 14 нафар айбдоршаванда, аз ҷумла Саидмуродов Д.Ҳ. санаи 18.11.2023 бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд”, - омадааст дар посухи Додистонии кул.
Додситонии кул бо такя ба сирри тафтишот аз додани ҳар гуна иттилоъ дар бораи мазмуни нишондод ва дигар маълумот нисбати Дилшод Саидмуродов худдорӣ карда гуфтааст, ки “то эътибори қонуни пайдо кардани санади судӣ ифшои он ғайриимкон мебошад”.

Аз Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Додситонии кулли кишвар, ки дархост бо имзои сардори он ирсол шудааст, бо такя ба моддаи 15 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон гуфтаанд, “ҳеҷ кас то эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми додгоҳ дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор ҳисобида намешавад”.
“Инчунин, моддаи ва моддаи 177 қисми 1–и Кодекси мазкур муқарар намудааст, ки маълумоти тафтиши пешакиро танҳо бо иҷозати шахси пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ ва ба андозае, ки ӯ имконпазир медонад, форш кардан мумкин аст”, - гуфтааст ин ниҳод.
Дар идома, Додситонии кул бо такя ба ин асосоҳо аз додани ҳар гуна маълумот дар робита ба ин парванда худдорӣ кардааст.
Қаблан, навори кутоҳи бозпурсии Дилшод Саидмуродов бо забони русӣ ва аксҳояш, ки дар даст завлона дошт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Баъдан, як манбаи “Азия-Плюс” аз мақомоти қудратӣ гуфт, ки Дилшод Саидмуродов дар Русия боздошт ва ба Душанбе оварда шудааст.

Дилшод Саидмуродов, ҳамроҳи 13 нафар дар рабуда ва куштори Шуҳрат Исматуллоев, бонкдори тоҷик мутаҳҳам мешаванд.
Додситонии кул хабар дода буд, ки гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рӯзи 23-уми июни соли 2023 Шаҳрат Исматуллоевро дар маркази пойтахти кишвар рабуда, дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.” Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд, ки баъдан дарёфт ва тавассути ташхиси дандонҳояш шинохта шуд.

Ба ақидаи мақомоти тоҷик, Дилшод Саидмуродов пас аз содир кардани ҷиноят ба Русия фирор кардааст. Ҳамроҳ бо ӯ, шарики дигари ҷиноят Акбар Аҳмадов (Ахмедов) ҳам ба Русия фирор кардааст. баъдан, ин ниҳод гуфт, Акбар Аҳмадов дар боздоштгоҳи Тоҷикистон аст.
Аз ин пештар Додситонии кулли кишвар аз боздошту истирдоди як нафар гумонбари дигари рабудани қатли Шуҳрат Исматуллоев бо номи Бахтовар Сафарови 28-сола аз Туркия хабар дода буд.
Он замон Додситонии кулл навишт, ки дар умум 13 аъзои гуруҳи ҷиноятӣ, ки дар қазияи рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доштанд, дастгир шудаанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки қаблан Рустам Ашӯров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар рабудани куштори Шуҳрат Исматуллоев гумонбар мешуд, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова як марзбон ва як афсари амниятро ҳадафи тир қарор дода, чанд нафарро захмӣ кард ва дар ҷараёни амалиёти безараргардонӣ захмӣ шуда ба беморхона интиқол ва дертар даргузашт.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон барои боздошти Исматуллоев бо ҳамтоёни худ дар Русия вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо доштанд. Ҳатто Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар зимни мулоқоти худ бо ҳамтои русаш масъалаи боздошти Дилшод Саидмуродовро баррасӣ намуда буд.
Ҳамчунин, мақомот барои ҳамкорӣ дар боздошти Дилшод Саидмуродов мукофотпулӣ ваъда карда буданд.
Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста