Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои бо ваъдаи кор ба Туркия бурдану ба фоҳишагӣ водор кардани ду зани тоҷик 8 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора зимни гузориши телевизионии “Милитсия хабар медиҳад”, ки Раёсати ВКД дар вилояти Суғд омода мекунад, иттилоъ дода шуд.
Дар навор аз муттаҳам Манижа Неъматуллоева ном бурда шуда, гуфта мешавад, ки ӯ моҳи декабри соли 2021 ва январи соли 2022 бо роҳи фиреб ду ҷавонзанро бо ваъдаи кори сердаромад ба Туркия бурда, вале “зери асорати қарзӣ гузошта, давоми 1 сол ба фоҳишагарӣ водор ва зери истисмори шаҳвонӣ қарор додааст”.
“Судшаванда қасдан ҷиноят ба муқобили озодӣ, обрӯй ва эътибори шахсиятро дар ҳолати ҷалб намудан ба танфурӯшӣ дар хориҷи кишвар содир намудааст, ки дар меҳвари кирдори ғаразнок даромади пулӣ меистад”, - гуфта мешавад дар гузориш.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилоятти Суғд Манижа Неъматуллоева ҷавонзани дуввумро “бо маслиҳати шарикони ҷиноятиаш, ки дар хориҷа қарор доранд, ба истисмори шаҳвонӣ ҷалб кардааст”. Вале аз шариконаш ном бурда намешавад.
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Манижа Неъматуллоеваро барои савдои одамон (моддаи 130 иловаи 1 қисми 2 бандҳои а,б ва в Кодекси ҷинотяӣ) гунаҳкор дониста, 8 солу 6 моҳ равонаи зиндони низомаш умумӣ кардааст. Ин банди Кодекси ҷиноятӣ аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Мавқеи наздикон ва вакили дифои Манижа Неъматуллоева маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки ҷалби духтарони ҷавон барои фоҳишагӣ дар хориҷи кишвар, махсусан Туркия ва Дубай сари чанд вақт расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, моҳи июли соли равон Додгоҳи Олӣ Ҷамолиддин Расулов, роҳбари шикати “Ҷамол - 2012”-ро барои савдои одамон гунаҳкор дониста ба 12 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда буд.
Худи Ҷамолиддин Расулов зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ иттиҳомро рад кард.
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста