Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 13 наврасеро, ки баъди муноқишаи лафзӣ дар шабакаи иҷтимоии “Instagram” дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт мулоқот карда, “тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд”, боздошт ва нисбати волидонашон санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додааст.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимои наворе нашр шуд ва муаллифи он таъкид мекард, ки гурӯҳе аз наврасон бо тақлид ба силсилафилми машҳури русии “Слово пацана” тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд.
Милитсияи пойтахт менависад, ки ин ҳодиса 20-уми январ, тақрибан соати 20:00, дар кӯчаи Маяковский рух додааст ва кормандони онҳо худи ҳамон рӯз 13-нафар ноболиғро боздошт намуда, саривақт пеши роҳи муноқиша ва оқибатҳои нанговарро гирифтаанд.
“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки қаблан хонандагони МТМУ №8 ноҳияи И.Сомонӣ ва хонандагони МТМУ №43 ва №52 ноҳияи Сино тавассути шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” байни ҳамдигар муноқишаи лафзӣ намудаанд. Бо ин мақсад, аз ду ҷониб гурӯҳи наврасон ҷамъ шуда, мехостанд бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кунанд”.
Ҳамин тавр, 13 нафар ноболиғ - иштирокчиёни ҳодисаи мазкур боздошт гардидаанд. Дар робита ба ин, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, нисбати волидони боздоштшудагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суд ирсол гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳодисаи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва пайванд кардани он бо силсилафилми “Слово пацана” нест. Қаблан низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки чанд ноболиғ як ҳамсоли худ ва дар навори дигар як марди калонсолро зери оҳанги “Слово пацана” мавриди латукӯб қарор медиҳанд.
Он замон милитсияи пойтахт 4 ноболиғро боздошт карда, нисбаташон санад тартиб дода буд.
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста