Дар пайи таркиш дар калисои католикӣ дар шаҳри Истанбули Туркия ва аз гумонбари он ба ҳайси шаҳрванди Тоҷикистон зикр шудан, Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия аз вазири корҳои дохилии ин кишвар дархости мулоқот кардааст.
Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Анқара барои рӯшани андохтан ба қазияи боздошти гумонбари тирпарронӣ дар калисои католикии Истанбул, ки аз ӯ шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда мешавад, аз вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Йерликая расман дархости мулоқот кардааст.
Ба қавли манбаъ, сафири Тоҷикистон дар Туркия бо кормандони вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар гуфтугӯҳои телефонӣ анҷом додааст, аммо посухи қонеъкунанда нагирифтааст.
“Дар робита ба ин, шӯъбаи дипломатии мо барои рӯшан кардани вазъ ва далели ширкати шаҳрванди мо дар ин ҳодиса мулоқоти сафирро бо вазири корҳои дохилии Туркия дархост кардааст. Аз ин лиҳоз, аз боздоштшудагон шаҳрванди Тоҷикистон ном бурдан бармаҳал аст”, - таъкид карданд дар ВКХ.
Ҳамчунин, сухангӯи ВКХ зикр намуд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Анкара ва консулгарӣ дар Истанбул ҳамарӯза маълумоти дақиқи шаҳрванди боздоштшудаи эҳтимолии Тоҷикистонро дархост мекунанд. Аз ҷумла, ин суол рӯшан мешавад, ки оё дар байни афроди дигари боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳастанд ё на?
Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи якшанбе, 28-уми январ, дар яке аз калисоҳои католикӣ дар Истанбул ду марди мусаллаҳ аз силоҳ оташ кушода, як нафарро куштанд. Би-би-сӣ хабар дод, ки мақомоти Туркия дар ин ҳамла шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистонро, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”* иртибот доранд, гумонбар донистаанд.
Тирпарронӣ тақрибан соати 11:40 ба вақти маҳаллӣ дар калисои муқаддаси Марям дар ноҳияи Сариёри Истанбул оғоз шуд.
Дар робита ба ин ҳодиса, айни ҳол даҳҳо нафар, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ боздошт шудаанд.
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста