Додгоҳи ноҳияи Москваи шаҳри Твер шаҳрванди Русия ва Тоҷикистонро ба гумони ба қайди қалбакӣ гузоштани ду иштирокчии амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ба муҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифт. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад.
Дар иттилоияи додгоҳ аз айбдоршаванда Ашӯров ном бурда мешавад. Ӯ бо моддаи 322.2 КҶ - қалбакӣ ба қайд гузоштан дар маҳалли зист айбдор мешавад.
Тибқи фарзияи тафтишот, Ашӯров бародарон - Диловар ва Аминҷон Исломовҳоро ба қайди қалбакӣ гузоштааст. Онҳоро бо он айбдор мекунанд, ки ба ҳамлагарон ба “КрокусСити Холл” манзили зист ва автомобил дода, пулҳои онҳоро интиқол медодаанд.
Ҳар дуро ҳам мутобиқи модда дар бораи амали террористӣ ба ҳабс гирифтанд.
Дар хабари додгоҳ зикр мешавад, ки Ашӯров ба гуноҳи худ пурра иқрор шудааст.
Дар Тоҷикистон хешовандони наздики ӯ зиндагӣ мекунанд, аз ин рӯ, тафтишот барои пинҳон нашудани ӯ, дархост намудааст, ки ба ҳабс гирифта шавад.
Ҷазои ҳадди ниҳоӣ мутобиқи моддаи дахлдор барои ба қайди қалбакӣ гузоштан то 3 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Диловар ва Аминҷон Исломовҳо, инчунин падари онҳо Исроилро рӯзи 25 март пас аз се рӯзи амали террористӣ ба ҳабс гирифтанд. То ин дам 4 иҷрокунандаи асосӣ аллакай дар ҳабс қарор дошта, Исломовҳо тибқи фарзияи тафтишот, ба террористон барои зист кумак расонида, онҳоро бо автомашина таъмин кардаанд.
Бародарон Исломовҳо изҳор доштаанд, ки вақте мошини террористонро, ки мехостанд бо он пинҳон шаванд, мебинанд, худашон ба Кумитаи тафтишот омадаанд. Аминҷон Исломов дар ҷаласаи додгоҳ изҳор дошт, ки гунаҳкор нест. Ҳар се ҳам аз болои қарори ҳабс шикоят бурданд, лекин Додгоҳи шаҳри Маскав онро бетағйир боқӣ гузошт.