Кормандони Раёсати гумруки вилояти Суғд қочоқбареро боздошт намуданд, ки мехост аз Қирғизистон зиёда аз 2,7 тонна маводи дорувории тиббиро интиқол диҳад. Ӯ ҳанӯз як моҳ пеш боздошт шуда, лекин Хадамоти гумрук танҳо рӯзи 20 апрел дар ин бора дар саҳифаи худ дар Facebook хабар дод.

“Рӯзи 20 март зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Mercedes-Benz Sprinter», аломати қайди давлатиаш 28-84 МК/02, таҳти идораи сокини Хуҷанд Мубинҷон Бурҳонов маводи гуногуни дорувории истеҳсоли Русия аз қабили «Кларитромицин CP», «Каптоприл», «Протозидим», «Метформин», «Ципрофлоксацин» дарёфт шуд”, - зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, маълум шуд, ки маводи дорувории тиббӣ тариқи қочоқ аз Қирғизистон интиқол дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд барои ин маҳсулот ҳуҷҷатҳои зарурӣ тасдиқкунандаи қонунӣ будани интиқолро пешниҳод накардаааст.

“Дар натиҷаи таҳлилу ташхис маълум гардид, ки маводи дорувориҳо ба талаботҳои меъёрҳои стандарти ҷавобгӯй буда, вале дорои сертификати мутобиқати сифат набуда, арзиши умумии маводи дорувориҳои боздоштгардида, аз 654 089 сомонӣ то 732 422 сомониро ташкил медиҳанд”, - омадааст дар хабар.

Нисбати боздоштшуда бар мутобиқи моддаи 289, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - “Контрабанда (қочоқ)” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.