Бар зидди як корманди ҳукумати шаҳри Исфара барои талаби 255 ҳазор сомонӣ ҳамчун пора парванда боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Оҷонсии зиддифасод аз ин шахс И.Ш. мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара ном бурдааст, ки зимни шикояти дастаҷамъонаи сокинони шаҳр бар зиддаш парванда боз шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ӯ моҳи майи соли 2021 барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хона аз чанд шаҳрванд, ки аз яке аз онҳо А.Б. ном мебаранд, 255 ҳазор сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ дар якчанд маврид ҷамъ 180 000 сомониро гирифтааст.
Вай ин маблағҳоро “бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз шаҳрвандон” гирифтааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод И.Ш. баъди гирифтани маблағҳо коре накарда, онро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст, ки “ба шаҳрванд А.Б. ва дигарон зарари махсусан калони моддӣ расонид”.
Нисбати ӯ барои қаллобии махсусан калон ё моддаи 247 қисми 4 банди “б” парвнадаи ҷимноятӣ боз шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.
Ин банди қонунгузорӣ 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда дар соли 2024 72 сомонӣ аст, муаллиф) ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣт мекунад.
Ҳоло маълум нест, ки И.Ш. боздошт шудааст ё не. Оҷонсии зиддифасод имрӯз, 30-юми март дар бораи боз шудани парванда нисбати ӯ хабар дод.
Назари худи Шафеиён, вакили дифоъ ва наздикони ӯ маълум нест.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста