Вазорати корҳои дохилии Русия дар телеграм-канали худ тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро шарҳ дод.
Ба иттилои ин ниҳод, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ метавонан тавассути ду роҳ худро сабти ном кунанд: дар ҷойи зист ва макони будубош (маҳалли ҳузур).
‑ шаҳрвандони хориҷӣ, ки иҷозаи иқомати муваққат доранд, аз ҷумла бо мақсади таҳсил омадаанд ё иҷозаи иқомат дар Русияро доранд, метавонанд дар ҷои истиқомат сабти ном шаванд;
‑ шаҳрвандони хориҷӣ, ки иҷозаи иқомати муваққат надоранд метавонанд дар маҳалли будубоши худ сабти ном шаванд.
Бояд гуфт, шаҳрванди хориҷӣ барои сабти ном дар маҳалли будубош бояд ба ҷониби қабулкунанда ҳуҷҷати шахсият ва корти муҳоҷиратро пешниҳод намояд.
Одатан, ҷониби қабулкунанда шаҳрвандони Русия мебошанд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ манзили зист пешниҳод мекунанд. Ҳамчунин, он метавонад шахсони ҳуқуқӣ бошад, ки шаҳрванди хориҷиро барои кор даъват кардааст.
ВКД-и Русия таъкид кардааст, ки сабти номи шаҳрванди хориҷӣ дар ҷои истиқомат масъулияти ҷониби қабулкунанда мебошад, ки барои риоя накардани он ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
Қаблан Владимир Колоколтоев, вазири умури дохилии Русия гуфта буд, ки “ҳангоми додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иқомати муваққат ва будубош дар робита ба тағйири маълумот ва мавҷудияти мамнӯъияти вуруд ба Русия назорат бояд пурзӯр карда шавад”.
Бояд гуфт, ки дар ин шабу рӯз, пас аз ҳодисаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳол” ва боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо гумони содир кардани он, муҳоҷирони кории тоҷик зиёд шикоят мекунанд, ки сабти ном дар мақомоти Русия душвор шудааст ва ниҳодҳои ин кишвар бо ҳар гуна баҳона, онҳоро боздошту ихроҷ мекунанд. Дар баъзе минтақаҳои ин кишвар бидуни сабаб аз сабти номи онҳо худдорӣ менамоянд.



Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста