Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия даст доштани зердастонашро дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ эътироф кард ва гуфт, дар ин самт ҷонибдори пурзӯр кардани муҷозот аст.
“Далелҳои иштироки кормандони милитсия дар қонунигардонии (фаъолияти) муҳоҷирон бартараф нашудаанд. Ман тасмими қонунгузоронро дар бораи бамаротиб зиёд кардани мӯҳлати ҷазо барои ин кор хеле муҳим медонам”, - гуфт Владимир Колоколтсев.
Ӯ рӯзи 29-уми октябр дар нишасти мушовараи Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 160 корманд ва афсари милисаро барои мусоидат дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.
“Агар дар 9 моҳи соли 2023-ум 86 кормандро ба ҷавобгарӣ кашида бошанд, пас дар 9 моҳи соли 2024 теъдоди онҳо ба 160 нафар расидааст. Масалан, дар вилояти Тула амалҳои раҳбарони сатҳҳои гуногун тафтиш мешавад, ки барои иқомати бештар аз 1500 хориҷӣ иҷоза додаанд”, - афзуд Колоколтсев.
Бояд зикр кард, ки дар сатҳи роҳбарияти Русия муҳоҷиронро бо ҳар баҳона ва барои ҳар коре муттаҳам мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо бидуни сабаб, азият медиҳанду аз кишварашон ихроҷ мекунанд. Ва ин аз камтарин ҳолатҳое аст, ки як вазири рус даст доштани кормандонашро дар ҷиноятҳое, ки то ин лаҳза танҳо марбут ба муҳоҷирон нишон медоданд, эътироф мекунад.
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста