Раёсати гумруки вилояти Суғд як сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони ворид кардани беш аз 400 ҳазор дона “хопушка” аз Қирғизистон боздошт кардааст.
Дар ин бора Хадамоти гумрук иттилоъ дода, аз боздоштшуда Бахтиёр Маҳмудови 31-сола ном бурдаст.
Ба навиштаи ин ниҳод, номбурда 441 ҳазору 600 дона маводи пиротехникии намуди “Трения” ва “Иргина”-и истеҳсоли Қирғизистон ва Чинро аз Бек ном шаҳрванди Қирғизистон харидорӣ карда, мехост ба Тоҷикистон ворид кунад.
Маҳмудов Бахтиёр шаби 9-уми декабр баъди қабули "бор" аз шаҳрванди Қирғизистон дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт шудааст.
Дар ҳоле, ки марз бо Қирғизистон баста аст, маълум нест, ки Бахтиёр Маҳмудов чӣ гуна аз ин кишвар маводи пиротехникӣ ворид кардааст.
Хадамоти гумрук ҳамчунин, аз ошкор шудани чанд ҳолати дигари муомилоти “хлопушка” дар вилояти Суғд иттилоъ додааст.
Аз ҷумла, аз нақлиёти шаҳрванд Усмонов Валиҷон, сокини шаҳри Панҷакент 21 ҳазору 600 дона маводи тарфгарӣ, ки барои фурӯш ба Панҷакент интиқол медод, дарёфт гардидааст. Санҷиш маълум кардааст, маводҳои пратехникӣ ба Синдорбек Худойназаров, сокини дигари шаҳри Панҷакент тааллуқ дорад.
Инчунин, дар натиҷаи амалиёти санҷишӣ дар шаҳри Бӯстон 78 ҳазору 150 дона маводи пиротехникӣ дарёфт гардидааст, ки ба Фозилов Ҷонибек, сокини дигари шаҳри Панҷакент тааллуқ дорад.
Маълум нест, ки ин ҳамон Ҷонибек аст, ки Синдорбек Худойназаров аз ӯ "хлопушка" харидааст ё ду шахси аз ҳам ҷудоянд.
Хадамоти гумрук хабар медиҳад, ки ҳоло нисбати Маҳмудов Бахтиёр, Худойназаров Сирдорбек, Фозилов Ҷонибек ва дигарон барои ғайриқонунӣ ба кишвар ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан... маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) (дар асоси қисми 2-и моддаи 199-и Кодекси ҷиноӣ) парванда ҷиноятӣ боз шуда, барои баррасӣ ба Додситонии вилояти Суғд ирсол шудааст.
Онҳоро аз 14,4 ҳазор то 36 ҳазор сомонӣ (аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо-як нишодиҳанда дар соли 2024-ум 72 сомонӣ) ҷарима ва ё аз 1 то 2 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот ва муомилоти маводи тарфгарӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ манъ аст, вале имсол аллакай чандин навбат аст, ки муомилоти ғайриқонунии ин мавод ошкор мешавад.
Дар соли равон ин бори аввал аст, ки мақомот аз боздошти як нафар барои воридоти маводи пратехниӣ ба кишвар хабар медиҳанд. Қаблан, сокинон шикоят, доштанд, ки бархеҳоро барои фурӯши ин маводҳо дар дохили кишвар боздошт мекунанд, вале чӣ гуна он ба кишвар ворид мешавад, мақомот хомӯшанд.
Дар чор соли охир ИМА 825 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва 88 нафари онҳоро ихроҷ кардааст
Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ҳам номзадҳояшро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард. Онҳо чанд нафар ва киҳо ҳастанд?
Вазорати маориф: Дар Тоҷикистон ҷашнҳои солинавӣ дар макотиби олӣ, миёна ва кӯдакистонҳо манъ аст
Содироти барқ аз Тоҷикистон дар моҳи ноябр 10,5% афзуд
“Акнун аз болои панҷара мегузаранд”. Дар Душанбе 17 гузаргоҳ барои пиёдагардонро барҳам доданд
"Хӯрок бомазза, касе намегурезад, аммо ба кӣ шикоят карданро намедонем". Ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон то куҷо риоя мешавад?
Коршиносони Русия хавфу хатарҳои асосиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян карданд
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 маълум шуданд
Шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт, ки 2 рӯз баста буд, боз шудааст
Дар Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ба кор оғоз карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста