Ахиран, пулиси Душанбе аз ошкори беш аз 200 ҳолати парвариш ва нигоҳдории ғайриқонунии чорво дар ҳудуди пойтахт иттилоъ дод. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, дар бораи ин қонун, манъ будани парвариши кадом навъи чорво ва ҳаҷми ҷарима, ки бо баланд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд шуд, ёдоварӣ кунад.
Қонун дар бораи манъи парвариши чорвои хурду калони шохдор ва паррандаҳо дар ҳудуди пойтахт моҳи майи соли 2009 бо қарори вакилони халқи шаҳри Душанбе қабул шуд. Ин мамнуъият бар асоси қонун “Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон”, ки президент моҳи май имзо кард, сурат гирифта буд.
Илова бар ин, аз минтақаҳои ҷумҳурӣ ба воситаи ҳудуди пойтахт ба чарогоҳҳо интиқол додани чорво низ манъ аст.
Соли 2019, баъд аз даҳ сол, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз манъи парвариши чорво дар пойтахт ёдрас шуда, ба масъулин супориш дод, ки назорати иҷрои ин меъёрро пурзӯр кунанд.
Гуфта мешуд, меъёрҳои қонун асосан дар ноҳияву кӯча ва маҳаллаҳое риоя намешавад, ки аввали соли 2019 ба ҳудуди пойтахт ҳамроҳ карда шуданд. Чанд сол пеш аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Ваҳдату Варзоб ҳудуди Душанбе васеъ карда шуд.
Парвариш ва нигоҳдории кадом навъи чорво ва паррандаҳо дар пойтахт манъ аст ва чӣ қадар ҷарима барои риоя накардани он таъин мешавад, дар тасвирбаён бинед:




Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста