Дар Фаронса 5 танро барои фош кардани сирри давлатӣ гумонбар эълон карданд. Расонаҳо Девид Ботсоев, гумонбари асосии ин парвандаро зодаи Тоҷикистон меноманд, вале Вазорати корҳои дохилии кишвари мо мегӯяд, ӯ “шаҳрванди Тоҷикистон нест”.
Хабаргузории фаронсавии “La Depeche” рӯзи 3-юми июн навишт, ки Додситонии Порис рӯзи 24-уми май 4 мард ва 1 занро барои фош кардани сири давлатӣ дар соҳаи мудофиа гумонбар эълон кардааст. Се нафари онҳо низомиёни собиқ буда, як тани дигар дар қасри президентии Елисей кор кардааст.
Ҳамаи онҳо дар нашр ва фош кардани сирри давлатӣ дар соҳаи мудофеа, дуздӣ, инчунин фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳӣ дар заминаи истеҳсоли маводи ҳарбӣ, силоҳ ва муҳимоти низомӣ гумонбар дониста мешаванд.
Онҳо дар ширкате кор мекарданд, ки бо истифода аз иттилооти махфии артиш машғули ҷосусии тиҷоратӣ будаанд.
Парванда бо ширкати “Archange Solutions Osint” марбут аст, ки онро Девид Ботсоев дар сентябри соли 2024 таъсис додааст. Ба гуфтаи яке аз манобеъи наздик ба парванда, ӯ гумонбари аслии ин парванда аст.
Тибқи маълумоти “Intelligence Online”, Девид Ботсоев муддате дар Қасри Элисей кор кардааст.
Дар ҳоле расонаҳои фаронсавӣ Девид Ботсаевро зода Тоҷикистон меноманд, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди нашри ин хабар дар Радиои Озодӣ дар як раддия гуфт, ки ӯ “шаҳрванди Тоҷикистон набуда, танҳо шаҳрванди давлати Фаронса мебошад”.
Ба маълумоти расонаҳо, ҳеҷ як гумонбар ба ҳабс гирифта нашудааст ва феълан таҳти назорати додгоҳӣ қарор дорад.
Бояд гуфт, ки солҳои гузашта ҳам исми чанд шаҳрванди Тоҷикистон ва ё шиносномаи тоҷикии онҳо дар пайванд бо ҳаводиси гушношунид, аз ҷумла ҷосусӣ дар кишварҳои ғарбӣ расонаӣ шада буд.
Пурсарусадотарин қазияи вобаста ба истифодаи шиносномаи тоҷикӣ ворид шудани як ҷосуси Русия бо шиноснома ва номи тоҷикӣ ба анбори аслиҳа дар Ҷумҳурии Чехия буд. Он замон мақомти Тоҷикистон аз шарҳи он ки чӣ гуна шиноснома ба дасти ҷосус афтод, худдорӣ карда буданд.





Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 декабри соли 2025
Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Барои дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста