Раёсати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шаҳри Душанбе ном ва шаҳрванди кадом кишвар будани гумонбарро ифшо накардааст. Вале гуфтааст, ӯ дар бинои ҶДММ “Нассоҷии тоҷик” (Текстил) се ҳуҷраро ба иҷора гирифта, дар он қиморхона ташкил кардааст.
“Номбурда 17 дастгоҳи махсуси қиморбозӣ, мизу курсӣ, ҷевонҳои оҳанин ва дигар таҷҳизоти лозимаро омода карда, барои бозии бурднок муҳити мувоффиқу шароити муносибро фароҳам овардааст. Зимни тафтишот маълум гардид, ки номбурда аз ин фаъолияти ғайриқонунии худ маблағи зиёд ба даст меовард”,- гуфта мешавад дар гузориши мақомот.
Мақомот гуфтаанд нисбати гумонбар барои ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ (моддаи 240 Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз кардаанд ва тафтишот идома дорад.
Тибқи моддаи мазкур, ба гумонбар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 8 сол бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.
Маълум нест, ки ин мард шаҳрванди кадом кишвар аст ва чанд муддат боз дар шаҳри Душанбе қиморхона ташкил кардааст. Аз Раёсати ВКД дар пойтахт ба “Азия-Плюс” ҷузъиётро шарҳ надоданд.
Пулиси Душанбе гуфтааст, ки ҳамчунин зимни амалиёт 7 шаҳрвандро ҳангоми машғул шудан ба қиморбозӣ боздошт кардааст.
Дар ҳоле ки назари онҳо дар робита ба ин қазия дастрас нест, мақомот мегӯянд нисбати ҳар кадомашон бо муқарароти моддаи 465-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Қиморбозӣ) парванда боз карда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд.
Ин моддаи Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ вобаста ба бандҳояш аз 12 то 400 нишондиҳанда (аз 900 то 30 ҳазор сомонӣ) ҷарима пешбинӣ мекунад.
Бар асоси моддаи 240-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино) дар кишвар манъ аст, аммо дар гузашта мақомоти интизомӣ борҳо аз боздошти афроде хабар додаанд, ки ба ташкили қиморхона гумонбар мешуданд.





"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста