Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ Чэн Чжилиро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори солгарди 20-уми муносиботи дипломатии Тоҷикистону Чин ташриф овардани намояндаи воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чинро нишонаи сатҳи баланди равобити дўстона ва ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуд.
«Мавқеи Тоҷикистон доир ба ягонагӣ ва якпорчагии кишвари ҳамсоя бо принсипи «Чини Ягона» устувору тағйирнопазир аст», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Чэн Чжили ҳам муносиботи ду кишварро дорои хислати дўстӣ, ҳамсоягии наку ва ҳамкорию ҳамшарикии гуногунпаҳлў номида, таъкид дошт, ки ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ таҳкиму тақвияти истиқлолияти ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.
Гуфтугўи судманд доир ба роҳҳои густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Чин сурат гирифт.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2011 нисбат ба солҳои аввали муносиботи дипломатии ду кишвар 600 маротиба афзудааст.
ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба иштирок дар татбиқи амалии лоиҳаҳои энергетикӣ, саноатӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, аз қабили бунёди нерўгоҳҳои барқӣ, кашидани хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ва ғайра, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, таъкид доштанд.
ҳамчунин доир ба роҳҳои мусоидат ба эҳёи иқтисодиёти Афғонистон ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар он ва ҳамшарикии Тоҷикистону Чин дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста