Пагоҳ, 4-уми октябр дар Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев Анҷумани XI ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он масъалаи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, қабл аз оғози анҷуман намоишгоҳи дастовардҳои иқтисоди миллӣ тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ доир мегардад. «Вакилони анҷуман аз комёбиҳои ҷумҳурӣ дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, энергетика, маориф ва тандурустӣ маълумот дарёфт хоҳанд кард», - гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки ба анҷумани мазкур аз тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар созмонҳои иҷтимоӣ беш аз 1 000 вакил ва меҳмонон даъват шудаанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.