«Ман намефаҳмам, барои чӣ мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳангоми боздошти ҷинояткор ҳатман ба мансубияти ҳизбии ӯ таъкид мекунад. Ва боз таъкид ба онҳое мекунад, ки ҳатман узви ҳизби мо ҳастанд», - мегӯяд раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ.
Ба гуфтаи ӯ, мансабдорони ҷинояткор низ тайи рӯзҳои охир боздошт мегарданд, аммо касе аз мансубияти онон ба ин ё он ҳизб ҳарфе намегӯяд, дар ҳоле ки ҳама медонад, ин мансабдори ҷинояткор узви кадом ҳизб аст.
«Ман намегӯям, ки дар ҳизби мо ҳама поканду бегуноҳ. Ҳизби мо ҳизби малоикаҳои Тоҷикистон нест. Ҳар як инсон иштибоҳ мекунад, аммо чанде пеш як танро боздошт карданду тавассути телевизиони давлатӣ таъкид бар он карданд, ки боздоштшуда узви ҲНИТ аст. Ва вақте мо дар ҷустуҷуйи шахсияти он боздоштшуда шудем, маълум гашт, ки ин инсон ба ҳизби мо дахле надорад», - гуфт Кабирӣ.
Ба андешаи ӯ, мақомти интизомии кишвар як нақшаи муқарраршудае доранд, ки мутобиқи он, ҳатман чанд тан аз ҲНИТ бо ҷ урме дастгир шаванд. «Ва агар, касе аз худи ҳизб пайдо нашуд, нафареро дастгир мекунанду ӯро наҳзатӣ муаррифӣ мекунанд».
Дар ин росто раиси ҲНИТ таъкид дошт, ки ин кори мақомоти интизомии Тоҷикистонро ҳатто наметавон маъракаи «зиддинаҳзатӣ» номид, чун он на танҳо ба кори ҳизб равона шудааст. «Инро сиёсати зиддиисломӣ ва зиддимиллӣ метавон унвон кард. Чунки ислом рамзи мардуми мо ва гузаштагони мост, рамзи ҳуввияти миллии мост», - таъкид дошт Кабирӣ.
Ба иттилои ӯ, дар соли сипаришуда дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор шаҳрванд 215 ҷинояткор рост омадааст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста