Рӯзи 8-уми январи соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломовро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқоте, ки дар фазои анъанавии тафоҳум ва созанда доир шуд, масоили мубрами дуҷониба ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, ба татбиқи амалии қарордодҳои сарони ду давлат, ки дар мулоқоти онҳо дар ҳошияи Саммити СҲШ дар Душанбе моҳи сентябри соли сипаришуда ҳосил шуда буданд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба манзури боз ҳам бештар вусъат бахшидани равобити байни ду кишвари ҳамсоя андешидани як зумра тадбирҳоро дар ин самт мувофиқи мақсад донистанд.
Ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз Парвиз Давлатзода сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Агибай Смагуловро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот атрофи масоили мубрами дуҷониба ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Зикр мегардад, ки тарафҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар баҳои баланд дода, зарурати андешидани тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои дар соли 2015 ба нақша гирифташуда, бахусус омодагӣ ба сафари расмии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон ва ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид сохтанд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста