Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 14 феврал зимни вохӯрии раисони аҳзоби сиёсӣ бо интихобкунандагони дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ таҳти «саволборон» қарор гирифт.

Чанде «Ба Тоҷикистон ҳизби исломӣ чӣ лозим аст?» гуфта савол медоданду дигарон пешниҳод намуданд, ки ҳизб бидуни ишора ба ислом номгузорӣ шавад.

Аз ҷумла, бархе аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки муҷоҳидони тоҷик ба ҲНИТ алоқа доранд ва ҳизб бо истифода аз «ислом» шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷалб мекунад.

Интихобкунадагон ҳамчунин ҲНИТ-ро ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум айбдор карданд. Шумори чунин афрод, ки «хоҳони ҳаёти осоишта ва ваҳдат дар Тоҷикистон» буданд, беш аз 10 нафарро ташкил медод ва баҳси онҳо ба раиси ҲНИТ муддлати 1 соат тӯл кашид.

Ба гуфтаи Кабирӣ, муҷоҳидони ҲНИТ соли 1998 ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона ба вилояти Суғд, маҳз ба Хуҷанд ҳамроҳ бо артиши расмӣ қаламрави давлати тоҷиконро ҳимоя карданд.

Ҳамчунин Кабирӣ зикр кард, ки дар Тоҷикистон ҲНИТ мувофиқи қонунгузорӣ ва Конститутсия амал карда, дар Вазороати адлияи кишвар сабти ном шудааст. «Бо ин гуфтаҳоятон шумо фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар муассисаҳои давлатии Тоҷикистонро зери шубҳа мегузоред», - муроҷиат кард ӯ ба ҳозирин.

Раиси ҲНИТ пешниҳод кард, ки бо донишҷӯёни макотиби олии шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ гузаронад, вале посухи рад гирифт. Шахсони ваколатдор бо ишора ба қонунгузорӣ ин пешниҳоди ӯро рад намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Муҳиддин Кабирӣ ба сокинони Хуҷанд пешниҳод намуд, ки пас аз интихобот дар Хуҷанд ё Душанбе вохӯрӣ барпо кунанд.