Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 25 феврали соли 2016 дар ҷаласаи ҳармоҳаи Гуруҳи кишварҳои Америкаи Лотинӣ ва ҳавзаи Қариб таҳти раёсати Намояндаи доимии Уругвай дар СММ дар Ню- Йорк ширкат ва суханронӣ намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба саҳми Тоҷикистон дар татбиқи рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор, аз ҷумла дар самтҳои иқтисодӣ, баробарии гендерӣ, мубориза бо маводи мухаддир, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, маориф ва ғ. ҷалб намуда, омодагии кишварро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо бо кишварҳои манфиатдор дар соҳаҳои болозикр таъкид кард.
Гуфта мешавад, дар анҷом Вазири корҳои хориҷӣ аз кишварҳои Америкаи Лотинӣ ва ҳавзаи Қариб даъват ба амал овард, ки номзадии Тоҷикистонро дар Шӯрои СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ECOSOC) барои солҳои 2017-2019 дар интихоботе, ки 14 июни 2016 дар Маҷмаи Умумии СММ баргузор мегардад, дастгирӣ намоянд.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста