Баробариҳои тоҷикии рутбаҳои низомии артиши Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз сӯйи донишманд ва пажуҳишгари тоҷик Умед Ҷайҳонӣ сохта ва дар доираи як гурӯҳи кории вижа баррасӣ шуда буданд, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пазируфта нашудаанд.
Рутбаҳои артиши миллии Тоҷикистон дар шакли кунунӣ боқӣ мемонад. Дар ин бора раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадзода дар нишасти матбуотии имрӯз хабар дод.
Номубурда ҳамчунин, гуфт, ин тарҳ на аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот, балки аз сӯйи муасисаҳои дахлдор ба ҳукумат пешниҳод шуда буд ва мутаассифона он нагузашт.
- Гурӯҳҳои корӣ барои пешниҳоди ин тарҳ ба ҳукумат фаъолият доштанд. Мутаассифона, ин чиз нагузашт ва имрӯз дар ҳамун шакле ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, монд,- гуфт Олимҷон Муҳаммадзода.
Раиси Кумитаи ҳамчунин гуфт, хулосаи кумита барои дигар кардани рутбаҳои низомӣ чанд сол қабл гирифта шудааст ва бо пайдо шудани шароит ва имконитя мумкин, ки номи рутбаҳо дигар карда шавад.
Ин тарҳ аз ҷониби Кумитаи забон пешниҳод нагардидааст, гуфтани раиси ин ниҳод дар ҳолест, ки моҳи феврали соли 2021 сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Абдураҳим Зулфониён гуфта буд, ки Кумита ахиран тарҳи баробарӣ ё гузинаи тоҷикии рутбаҳои низомӣ дар артиш ё Қувваҳои мусаллаҳро ба Ҳукумат Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Он замон гуфта мешуд, ки ин тарҳ аз сӯйи як коргуруҳи босалоҳияте, ки ду сол пеш ташкил шуда буд, омода шудааст.
Зулфониён дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» гуфт дар сурати пазируфта шудани тарҳи пешниҳодӣ аз сӯйи ҳукумат рутбаҳо чунин хоҳанд буд:
«Ефрейтор - радабон, младший сержант - даставар, сержант - дастаёр, старший сержант - дастабон, старшина - сардаста, прапорщик – силаҳбон, лейтенант - таҳамдор, капитан – таҳамтан, майор – саргурд, подполковник – сарҳангёр, полковник – сарҳанг, генерал – солор, генерал-майор – гундсолор, генерал-лейтенант – лашкарсолор, генерал-полковник – сипаҳсолор ва генерал армии – артишсолор».
Бори нахуст ин баробариҳои тоҷикии рутбаҳои низомиро чанд сол пеш донишманди тоҷик, Умед Ҷайҳонӣ коркард ва ба баррасии мақомот ва донишмандон пешниҳод карда буд.
Умед Ҷайҳонӣ дар як суҳбат ба "Азия-Плюс" дар мавриди пазируфта шудан ё нашудани пешниҳодҳо аз сӯйи мақомоти зидахл чунин гуфта буд:
"Дар Тоҷикистон танҳо як кас тасмимгиранда аст ва ӯ ҳам касе ҷуз раисҷумҳур нест. Агар вай тасмим бигирад, ки дар 30-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон низомиён бо дараҷаҳои низомии тоҷикӣ режа бираванд, ҳамин фардо ҳама ниҳодҳо ин пешниҳодро тасвиб хоҳанд кард. Ҷуз аз раисҷумҳур дигар масъулину ниҳодҳо на иродаашро доранду на хосташро".
Моҳи октябри соли 2020 масъулони Вазорати дифоъ низ ба "Азия-плюс" гуфта буданд, ки миллӣ кардани дараҷаҳои низомии артиш фақат аз ниҳоди онҳо вобаста нест.
Бояд гуфт, ки чанд сол пеш дар Тоҷикистон мақомот тасмим гирифтанд, ки дараҷаҳои низомӣ ё рутбаҳои Артиши миллии Тоҷикистонро миллӣ кунанд. Дар ин замина комиссияи муштараке ташкил шуд. Коргурӯҳи муштараки вожагузинии Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати дифоъ барои ин кор масъул шуд. Ин коргурӯҳ як тарҳи нимаеро пешниҳод карда буд, ки баҳсҳои доғеро ба бор овард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Абдунабӣ Сатторзода: Лоиқро ба ҳарду майдон даъват мекарданд, аммо ӯ ёри на “Шаҳидон” ва на “Озодӣ” буд
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш изҳори ҳамдардӣ кард
Тайи 10 сол Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кард
Хисороти боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар кишвар
Тотористон ронандагон ва муҳандисони тоҷикро ба кор ҷалб кардан мехоҳад
Хадамоти алоқа: ширкатҳои мобилӣ дар се моҳ беш аз 1 млрд сомонӣ даромад ба даст овардаанд
Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаанд. Ноиби раиси ҷумҳури Эрон ин хабарро расман тасдиқ кард
Чархболи суқуткардаи Иброҳим Раисӣ пайдо шуд, аммо тақдири ӯ ва ҳамроҳонаш норӯшан аст
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста