Ба назар мерасад, низоми таҳсили кредетӣ дар Тоҷикистон, ки чанд сол пеш дар мактабҳои олии кишвар ҷорӣ шуда буд, ба бунбаст расидааст. Ҳарчанд инро Вазорати маориф ва илм рад мекунад, вале дар мактубе ки онҳо ба донишгоҳҳои олӣ ирсол кардаанд, гуфта мешавад, ки 60 дарсади имтиҳонҳо дубора ба шакли анъанавӣ - хаттию шифоҳӣ ва 40 дарсад тариқи тестӣ гирифта шавад.

Коршиносон ҳам мегӯянд, маҳз риоя нашудани талаботи системаи кредитӣ дар Тоҷикистон ва бо хости мансабдорони соҳаи маориф татбиқ шудани он боиси ба мушкил мувоҷеҳ шудани ин низоми таҳсил шудааст.

Бархе аз соҳибназарон ва устодони донишгоҳҳои олӣ мегӯянд, ки Вазорати маориф ин тасмимро  дар пайи шикоятҳои зиёди бархе аз устодону донишҷӯёни мактабҳои олӣ гирифтааст. Зеро низоми имтиҳонотие, ки феълан дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, самари мусбат надодааст.

Рӯзи 19 апрели соли равон мактуби Вазорати маориф ва илм ба донишкадаву донишгоҳҳои кишвар ирсол шуд, ки дар асоси он бояд 60 дарсади имтиҳонҳо тариқи анъанавӣ, яъне шифоҳӣ ё хаттӣ ва 40 дарсад дар шакли тестӣ гузаронида шавад.

Дар мактуб гуфта мешуд, ки супурдани имтиҳонҳо дар шакли анъанавӣ (шифоҳию хаттӣ) дар равияҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва имтиҳонҳои тестӣ ва равияҳои гуманитарӣ пешбинӣ гардад.

Ин мактуб аллакай, ба мактабҳои олии кишвар ирсол шудааст ва маъмурияти бархе донишгоҳҳо онро баррасӣ кардаанд.

Масъулини Донишкадаи куҳию металургии шаҳри Бӯстон дар шарҳи барасии мактуби вазири маориф дар “Фейсбук” навиштаанд, ки “мактуби мазкур сарфи назар намудан аз шакли тестии имтиҳонҳоро ба миён мегузорад, ки дар ин сурат бидуни баррасӣ ва машварат дар нимсолаи таҳсил хеле мушкил хоҳад буд”.

Воқеан, баҳси ба бунбаст расидани системаи кредитӣ дар Тоҷикистон чанд сол аст идома дорад ва устодони донишгоҳҳою мутахасисони соҳа мегӯянд, маҳз  дуруст риоя нашудани талаботи ин низоми таҳсил татбиқи бомуваффақияти онро ба мушкил мувоҷеҳ кард.

Як устоди собиқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки далели асосии самараи мусбат наовардани низоми таҳсили кредитӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки масъулони соҳаи маориф, хусусан вазири собиқи маориф на соҳаи маорифи кишварро ба талаботи ин низом, балки  ин низомро ба тасаввур ва донише, ки дар бораи маориф дошт, мутобиқ кард.

"Аз ҷумла дар ин низом таҳсили ғоибона пешбинӣ намешавад, инҳо ворид карданд, дар ин низом хориҷ кардан нест, инҳо ворид карданд, дар ин низом  ҳузури доимӣ ё ҳамун "давомот" набуд, инҳо ворид карданд. Ин низом пешбинӣ мекунад, ки донишҷӯ бояд дарс ва устодро интихоб кунад. Инҳо ин ҳаққро аз донишҷӯён гирифтанд. Чун бархе устодон интихоб нашуданд ва ҷанг байни кафедраҳо барои соату дарсҳо сар шуд",-мегӯяд ин устод.

Ба назари ин устоди собиқи донишгоҳ, ин низомро масъулони соҳаи маориф ба истилоҳ "тоҷикӣ" карданд ва таҷрибаи то имрӯз натиҷаи мусбатдодаи ҷаҳонро ба инобат нагирифтанд. 


Замониддин Насриддинов, муовини аввали ректори Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон моҳи марти соли равон дар навиштае бо номи “#Системаи_кредитӣ_ва_оши_палав” дар “Фейсбук” аз татбиқи системаи кредитӣ дар кишвар сахт интиқод кард ва гуфт, ки мо он чӣ дар системаи кредитӣ пурра талаб мешавад, муҳайё ва пешниҳод карда наметавонем.

- Мо дар системаи таълимии мактаби таҳсилоти олии касбӣ “ретсепт”-и системаи кредитиро барои амалкард татбиқ карданӣ шудем, аммо ҳар мактаб ба қадри тавоноияш маҳсулоти талаботиро муҳайё ва татбиқ карда тавонисту халос. Масалан, дар мактабҳои олӣ барои ҳар сад студент як маслиҳатчӣ (эдвайзер) корбарӣ карда наметавонад. Донишҷӯён имконияти пурра интихоб кардани муаллим ва фанҳоро надоранд. Донишҷӯён имконияти фарогирии сартосарии лаборатория ва китобҳоро надоранд. Муассиса на ҳама вақт аз рӯйи холи миёна (GPA) донишҷӯёнро аз курс ба курс мегузаронад. Ба донишҷӯён гранти таҳсилот ва кори илмӣ пешниҳод кардан дар аксари ҳол ғайриимкон аст, - нигаронӣ намуд муовини ректори Донишкадаи куҳию металургӣ.

Номбурда афзуд, маҳз ин ва дигар омилҳо, дар натиҷа системаи кредитиро ба мисли оши палави биринҷаш аз гречка вонамуд ва муаррифӣ кард, ки ҳама аз он безор шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, дар асл, системаи кредитӣ беҳтарин системаи таълимии муосир аст.

Ҳамин тариқ, бархе аз устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар суҳбат бо мо гуфтанд, ки ҳанӯз ду сол пеш аксари имтиҳонҳои хатм ба таври анъанавӣ мегузашт, чунки системаи кредитӣ ки дар мо роҳандозӣ шуд, ба таври зарурӣ дар амал татбиқ наградид.

Яке аз устодон дар суҳбат бо мо ба шарти наовардани номаш гуфт, ки ӯ ҳанӯз 4-5 сол пеш ҳамаи имтиҳонҳоро шифоҳӣ мегирифт ва ҳеҷ гоҳ аз донишҷӯ тест талаб намекард.

- Ин система ки дар мо роҳандозӣ шудааст, донишҷӯйро аз муоширати озод  маҳрум мекунад. Донишҷӯй баъди хатми донишгоҳ наметавонад, ки ҳатто фикри худро баён кунад, иншо навишта наметавонад, ки ин бисёр бад аст,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол, бархе омӯзгорон ва донишҷӯён низ ба бунбаст дучор шудани системаи кредитӣ, махсусан тариқи тестӣ супоридани имтиҳонҳо шикоят кардаанд.


Вале Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба бунбаст дучор шудани системаи кредитиро дар Тоҷикистон рад мекунад ва мегӯяд, ки мактуби мазкур дар асоси талаботи низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар мактабҳои олии Тоҷикистон омода ва ирсол шудааст.

Дар посухи катбие, ки Вазорати маориф ва илм ба як дархости “Азия-Плюс” исрол намуд, гуфта мешавад, ки мактуби вазорат барои мутобиқ банди 79 Низомномаи низоми кредитии таҳсилот аст ва пешбинӣ шудани имтиҳоноти шифоҳию хаттӣ (60%)  ва тестӣ (40%) талаботи низоми мазкур мебошад”.

Ин ниҳод мегӯяд, тартиб ва ташкили раванди сессияи имтиҳонӣ вобаста ба талаботи барномаи таълимии фан ва хусусиятҳои касбии ихтисоси муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ, тестӣ ва омехта (бо истифода аз технологияи иттилоотӣ ё дар шакли анъанавӣ) ташкил ва баргузор карда мешавад.

Дар оғози роҳандозӣ кардани низоми таҳсилоти кредитӣ ва низоми нави таълим дар Тоҷикистон, гуфта мешуд Тоҷикистон барои татбиқи ин низом аз созмону ниҳодҳои байналмилалӣ бурсиҳои ҳангуфте дарёфт кардааст. Аммо Вазорати маориф дар посухи ба ин суоли "Азия-Плюс" навиштааст, ки "барои дар амал татбиқ намудани системаи кредитӣ Тоҷикистон солҳои 2003-2004 аз Институти “Ҷамъияти Кушода” ё Бунёдии Сорос дар Тоҷикистон 175 ҳазор доллар кӯмак гирифтааст".

Вазорати маориф ва илм бовар дорад, ки низоми кредитӣ метавонад соҳаи маорифи кишварро аз вазъи буҳронӣ берун кашад ва “он бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ҷавобгў ба бозори меҳнат, сафарбар намудани донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таълимии хориҷӣ, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти аврупоӣ ва эътироф намудани таҳсилоти миллӣ дар хориҷи кишвар роҳандозӣ шудааст”.

Ин ниҳод мегӯяд, дар асоси системаи кредитӣ дар мактабҳои олии кишвар корҳои зиёде, аз қабили таҷдиди назар кардани мазмуну мундариҷаи таълим, муайян намудани самтҳои афзалиятноки илмӣ, ташкили технопаркҳо, такмили ихтисоси кормандон ва омўзгорон, густариш ёфтани робитаҳои байналмилалӣ дар асоси табодули донишҷӯён, кормандони илмӣ ва омўзгорон ба анҷом расонида шудааст.

Масъулуни вазорат гуфтанд, ки яке мувафақиятҳои ин система аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани мактабҳои олии Тоҷикистон мебошад, ки то ба ҳол 7 муассисаи олӣ аз аккредитатсия ва рейтинги байналмилалӣ ихтисосҳои худро гузарониданд ва соҳиби шаҳодатнома ва сертификати мутобиқат гардидаанд.

Бархе мутахасисоне, ки дар раванди татбиқи системаи кредитӣ дар Тоҷикистон ширкат доштанд, мегӯянд, маҳз риоя нашудани талабти низоми кредитӣ ва ба хости мансабдорони соҳаи маориф  татбиқ шудани он, системаро дар кишвар ба бунбаст расонд ва он муваффақ нашуд.

Чунин андешаро профессор Нарзулло Сангинов, яке аз коршиносоне, ки дар раванди татбиқи системаи кредитӣ дар кишвар саҳм дошт, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” таъийд кард.

Ӯ аз тарзи имтиҳони тестӣ, ки имрӯз дар макатбҳои олии кишвар гузаронида мешавад, изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, бо чунин тестҳо сифати таҳсил боло намеравад.

- Тест бояд ҷавоби ҳа ё не надошта бошад. Он бояд дорои саволҳои хаттӣ, шифоҳӣ ва ҳатто ҳалли масъалаҳо бошад. Аз ҳама камбудии асоси ин аст, ки муаллим аз донишҷӯй дур шуда, имтиҳон танҳо тавассути маркази тестӣ мегузарад ва болои саводи донишҷӯй назорат нест,- гуфтӣ Сангинов.

Номбурда яке аз сабабҳои муваффақ нашудани системаи кредитӣ дар кишварро то ҳадди 60 дарсад иҷро нашудани талаботи ин система дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Ӯ гуфт, вақте ин система ҳамчун таҷриба ворид шуд, натиҷаи хуб дод, вале бо иваз шудани мансабдорони баландпояи соҳаи маориф он дуруст табиқ нашуд.

- Аз ҷумла, интихоби фан ва муаллим аз ҷониби донишҷӯй умуман риоя намешавад. Донишҷӯй набояд дар як сместр 10 фанро хонад, 3-4 тои онро интихоб мекунад ва мехонад. Шарт нест, ки дар чор сол донишгоҳро хатм кунад. Масалан, дар системаи кредитии Амрико ба ҳисоби миёна донишҷӯён дар 7-8 сол донишгоҳро хатм мекунанд. Муҳим талаботи система риоя шавад ва ба сифат аҳамият дода диҳанд,- афзуд Нарзулло Сангинов.

Ӯ мегӯяд, сабаби аслии иҷро нашудани талаботи системаи кредитӣ набудани ҳавасмандии донишҷӯй аст ва баъди ба артиш ҷалб кардани онҳо шумораи довталабон боз ҳам камтар мешавад.

Ба таъкиди номбурда, бояд механизмеро дарёфт кард, ки донишҷӯён барои хондан ҳавасманд шаванд ва дарк намоянд, ки баъди хатми донишгоҳ соҳиби ҷойи кор мешаванд.

- Дар аввал, мо дар нақшаи таълим дар як сместр аз 5 фан зиёд намемондем. Вазорат ҳамчун таҷриба иҷозат дод, вале вақте вазир ки дигар шуд, ин чизро ҳам бардоштанд ва гуфтанд ки фанҳои дигарро ҳам бояд хонанд. Кадом донишгоҳ чӣ пешниҳоде кард, қабул шуд ва бо ҳамин фанҳо ҳам зиёд шуданд. Дар натиҷа, шумораи қабули донишҷӯён низ аз талаботи бозори меҳнат зиёд шуд. Дар бисёр ихтисосҳо талабот нест, вале қабул карда истодаанд. Мактаби олӣ барои матахасис шудан аст, - зикр намуд ҳамсуҳбати мо.

Ин мутахсиси тоҷик бовар дорад, низоми кредитӣ дар ҷаҳон беҳтарин аст ва беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон дар асоси он фаъолият мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки агар талаботаш қонеъ карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.