Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Киев вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо муовини вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Сеник доир гардид.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, ба таҳким ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва тавсеаи минбаъдаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати рушду тавсеаи муносибату ҳамкориҳои ду кишвари дӯст корҳои зиёд сурат гирифтанд ва натиҷаҳои соли сипаришуда мусбат арзёбӣ шуданд.
Қобили зикр аст, ки тӯли 30 соли соҳибистиқлолии давлатҳо байни Тоҷикистон ва Украина ҳудуди 90 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст.
Дар маҷмӯи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бахши энергетика мавқеи назаррас дошта, ҷонибҳо дар соҳаи сохтмону навсозии неруҳои барқии обии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Корхона ва мутахассисони Украина дар бунёди иншооти муҳими Тоҷикистон - неругоҳи барқи обии Роғун фаъолона иштирок мекунанд.
Муносибатҳо дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ низ босуръат инкишоф ёфта, дар мактабҳои олии Украина бо таваҷҷӯҳ ба тамоюли муҳандисию техникӣ барои Тоҷикистон кадрҳои баландихтисос омода карда мешаванд.
Тоҷикистон ва Украина дар доираи СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории фаъол доранд. Соли 2016 Украина дар қатори 177 кишвари узви Созмони Милал аз қатънома бо ибтикори Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумӣ - “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” пуштибонӣ кард.