Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ба Қирғизистон рафт. Дар ин ҷо сарвари давлати Тоҷикистон дар нишаст (саммит)-и “Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ” иштирок мекунад.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин сафар ӯро вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, ёври президент оид ба масоили иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Барои иштирок дар кори нишаст сарони кишварҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва муовини раиси девони вазирони Туркманистон низ имрӯз ба шаҳри Чолпон-Ота меоянд.
Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро дар ин вохӯрӣ президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел намояндагӣ мекунад.
Дар ҳошияи кори нишаст вохӯрии дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, дар нишаст вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ байни минтақаҳо баррасӣ шуда, оид ба масоили муҳиму рӯзмарраи байнулмилалӣ ва ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табодули назар сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки аввалин вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел 27 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор шуда буд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста