Тоҷикистон дар ҳама сатҳҳо аз Русия талаб мекунад, ки зимни баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ ҳуқуқу озодиҳои заминавии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро риоя кунад. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон 15-уми август, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Ӯ гуфт, бо назардошти сатҳи баланди муносибатҳои бисёрсамтии Тоҷикистон бо Русия дар миён фишороварӣ ҷой дошта наметавонад.
“Дар мавриди амалиётҳои мунтазами тафтишотии мақомоти қудратии Русия нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон бояд қайд кард, ки ҷониби Тоҷикистон дурустии амалкарди мақомоти он кишварро мавриди шубҳа қарор намедиҳад”, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Вале афзуд, зимни баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ ҷиҳати ба танзим даровардани равандаҳои муҳоҷирати корӣ бояд ҷониби Русия ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, риоя кунад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мулоқоти охираш бо Сергей Лавров, ҳамтои русаш мисол овард ва таъкид кард, ки мо дар ҳама сатҳҳо ин мавқеъро бо ҳамтоёни руси худ таъкид мекунем.
Ӯ дар идома афзуд, ки намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия масъалаи марбут ба вазъи шаҳрвандони мо ва ҳифзи ҳуқуқи онҳоро мунтазам пайгирӣ менамоянд.
“Мо ҳамеша аз шаҳрвадони Тоҷикистон даъват мекунем, ки зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии худро дар Русия дар доираи қонунгузорӣ ба роҳ монанд. Ҳамзамон, мақомоти марбутаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ дар Русия дар мавриди татбиқи созишномаи дахлдори соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла дар ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ ва омода намудани онҳо пеш аз сафар ба Русия ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд”, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Ёдовар мешавем, ки давоми чанд моҳи охир, фишору таъқиби муҳоҷирони тоҷик аз сӯи маъмурони интизомии Русия афзоиш ёфта, боиси нигаронӣ дар Тоҷикистон гардид.
Қаблан, Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон боздошту таъқиб ва фишорҳои охирро ба амалиёти махсуси “Нелегал”-и мақомоти қудратии ин кишвар рабт дода, гуфта буд, муҳоҷирони тоҷикро дар бораи “рейд”-ҳо огоҳ карда буданд.
Ӯ гуфта буд, ин масъала дар моҳҳои май ва июни соли равон дар доираи амалиёти махсуси “Нелегал”, ки ҳадафаш пешгирии будубош ва кори ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар дохили кишвари мизбон аст, сурат гирифтааст.
Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон “шикор”-и муҳоҷирони тоҷикро дар Русия “пешгирии фаъолияти ғайрирасмии меҳнатӣ дар ин кишвар” унвон карда, гуфта буд, ки набояд “ба он пӯшиши сиёсӣ дод”.
Ёдовар мешавем, ки давоми чанд моҳи охир, кормандони мақомоти интизомии Русия муҳоҷирони тоҷикро дар ҳар ҷо – бозор, ҷойи кор, масҷид, ба шеваи ғайримақбул ва дар баъзе ҳолат таҳқиромез боздошту латукӯб мекунанд.
Кор ба ҷойе расидааст, ки кормандони мақомоти амниятии Русия ҳатто донишҷӯёни тоҷикро бе сабаб латукӯб намуда, бо гузашти моҳҳо сабаби чунин рафтори худро шарҳ надодаанд.
Дар пайи латукӯби донишҷӯён ва боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистонро ба бинои вазорат даъват ва нигаронии худро аз бархӯрди номуносиб бо донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик иброз намуд.
Инчунин, вазири корҳои дохилӣ, додситони кулл ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ирсоли мактуб ба ҳамтоёни руси худ таҳқиқи одилонаву холисонаи латукӯбу боздошти оммавии донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷикро талаб карданд.
Бархе коршиносон гуфтанд, муҳоҷирони меҳнатӣ давоми даҳсолаҳост, ки ба як василаи аслии фишори Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои сиёсӣ табдил ёфтааст ва ин аввалин маротиба нест, ки Русия аз ин “фишанг” истифода мекунад.
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Фил дар торикӣ"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста